ИФТИТОҲИ НАМОЯНДАГИИ МФВД «ХАДАМОТИ ШИНОСНОМАДИҲӢ ВА РАВОДИД»-И ВКД РОССИЯ
28-уми май дар шаҳри Душанбе бо иштироки Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Зимни ифтитоҳ гуфта шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи мулоқоту музокироти пайдарпайи роҳбарияти олии ҳар ду кишвар ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори он, барои дар татбиқ намудани муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ кардани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Россия бобати бо кор таъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Ҳадафи асосии таъсиси ин намояндагӣ анҷом додани чанд чорабинии омодагӣ, аз ҷумла санҷиши ҳолати манъи вуруд ба Федератсияи Россия пеш аз сафар дар ҳудуди Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт низ гузаранд. Ин барои омодагии минбаъда баҳри ҷалби муташаккилонаи онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои ҷойгир намудани сохторҳои намояндагӣ дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтарҳои корӣ ҷудо ва таъмиру навсозӣ кард. Намояндагӣ ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои нафароне, ки хоҳиши кор дар Россияро доранд, мусоидат менамояд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)