ПОНҒОЗ. ДЕҲАЕ, КИ СИМОИ ШАҲР ДОРАД
Таҷрибаи кори сокинони деҳаи Понғоз, ин деҳаи сарсабзу хуррам ҷиҳати ба сомон расондани корҳои созандагӣ ва ободонӣ бояд дар миқёси ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Эмомалӣ РАҲМОН,
16-уми апрели соли 2022, шаҳраки Шайдон
Деҳоти Понғоз қариб 32 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, деҳаҳои зеринро дар бар мегирад: Понғоз, Хиштхона , Бободархон ва Саро. Шуғли асосии мардуми он кишоварзӣ, боғдорию чорводорӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Дар Понғоз қариб 1000 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, аъзои онҳо ҷиҳати рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ободу хуррам гаштани диёр, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми муассир мегузоранд.
Сокинони деҳа бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз заминҳои мавзеи кӯҳӣ самаранок истифода карда, қитъаҳои нави заминро аз худ ва боғҳои интенсивӣ бунёд месозанд. Аз лиҳози нуқтаҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои савдо ва муассисаҳои таълимию варзишӣ, таъмири роҳҳои мошингард деҳоти Понғоз яке аз пешқадамтаринҳо дар вилояти Суғд аст.
– Ана ҳамин ободкориву созандагии ҷавонмардони баору номуси ин рустост, ки Понғоз ду маротиба беҳтарин Ҷамоати деҳот дар вилоят эътироф шуда, дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ мақомҳои сазоворро ноил мегардад. Ҷиҳати тақвияти фикри боло, чанд рӯз қабл деҳаи мазкур дар Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” низ дар қатори беҳтарин деҳоти кишвар ҷой гирифт ва ин муваффақият боз ҳам барои вусъат бахшидани корҳои созандагӣ мусоидат хоҳад кард. Имрӯз ҳама иқдому ташаббусҳо ва тасмимҳои ин русто аз ҷониби дигар деҳоти ноҳия дастгирӣ меёбанд, – мегӯяд Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт.
Рӯзе, ки ба ин деҳот омадем, бо гурӯҳе аз ҷавонон вохӯрдем, ки ба таъмири роҳ ва дар маҳаллаи дигар ба сохтмони иншоот машғул буданд.
Назмиддин Пӯлотов, раиси Ҷамоат мегӯяд, ки фаъолони деҳа бо ҳамдигар машварат карда, корҳои таъмирӣ ва сохтмониро оғоз мекунанд. Ин сохтмонеро, ки мебинед 16 синфхонаи иловагӣ барои МТМУ №11 мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2020 ва 16-уми апрели соли 2022 аз деҳаи Понғоз дидан карда, ба амалҳои созандаи сокинон ва соҳибкорон баҳои баланд доданд. Пешвои миллат дар ҷараёни сафари кории худ (16-уми апрели 2022) ба ин деҳа ҳини ширкату мавриди баҳрабардорӣ қарор додани МТМУ № 36, ки аз ҷониби соҳибкори муваффақи деҳа Зайлобиддин Мақсудҷонов бунёд шудааст, иброз доштанд, ки ҳамаи ин ободкориҳо нишонаи ватандориву ватандӯстӣ ва нангу номуси миллӣ аст.
– Фаъолияти соҳибкорӣ водор месозад, ки ба минтақаҳои гуногун сафар карда, бо одамони касбу корашон гуногун вохӯред. Беҳуда нафармудаанд, ки сафар кардан оламу одам дидан аст. Аз шаҳрҳои ободу рушди иқтисодии мамлакат бардоштҳо мекунию ибрат мегирӣ. Ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ, пас аз дидани муассисаҳои таълимии замонавии баъзе минтақаҳои кишвар тасмим гирифта будам, ки агар соҳибкор шавам, нахустин иқдомам ин бунёди як мактаби ҷавобгӯй ба талаботи замон хоҳад буд. Хушбахтона, ба ин нияти некам расидам ва ҳоло аз шодиву хурсандии омӯзгорону хонандагони мактаб ман ҳам меболам. Ба ташаббусҳои камина ҷиҳати тасмимҳои созандагӣ ҳарфҳои падарона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддӣ бахшиданд ва имрӯз шиори ман: то тавонӣ аз худ осоре гузорӣ мебошад, – мегӯяд Зайлобиддин Мақсудҷонов
Имрӯз, бино ба иттилои Назмиддин Пӯлотов, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз, ҳамаи соҳибкорони деҳаҳо бо сарварии бародарон Мақсудҷоновҳо сарҷамъ омада, таъмири мактабу беморхона, роҳҳои байни маҳалу дохили кӯчаҳо, бунёди боғҳои нав, сохтани варзишгоҳҳо, марказҳои солимиву фароғатиро баррасӣ мекунанд.
Бо маблағгузориии соҳибкорону аҳолӣ феълан зиёда аз 18 километр роҳи мошингарди деҳа асфалтпӯш шудааст. Бо фарорасии боду ҳавои мусоид асфалтпӯш кардани тақрибан 32 километр роҳҳои маҳалла ва дохили кӯчаҳо оғоз меёбад, ки ин ҳам аз ташаббусу иқдомҳои неки соҳибкорон мебошад.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)