ҲАҶРАВИЮ КАҶРАВӢ!?
Падидаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар қатори озодиву тантанаи адолат фароҳам овардани шароитҳо барои диндорон маҳсуб меёбад.
Мусаллам аст, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ тақрибан 300 ҳазор шаҳрванди кишвар баҳри адои яке аз фарзҳои мусалмонӣ – ҳаҷ ба зиёрати Каъба мушарраф шудаанд. Ҳол он ки давоми 70 соли пешин, яъне даврони шуравӣ, танҳо 400 нафар сазовори иҷрои ин аркон шуда буд. Аммо, раванди адои ҳаҷ, ки қисман онро мақомотҳои давлатии кишвар ба низому танзим даровардаанд, ҷараёни таассубу худнамоишдиҳиро ба худ касб намуда, ба зуҳуроти манфӣ табдил ёфтааст. Аввалан, маълум нест, ки ҳоҷӣ маблағи ҳаҷравиро чӣ тавр пайдо кардааст? Баъдан, ҳоҷӣ тамоми фазилатҳои диниву дунявиро иҷро кардааст? Мушкилоти молиявию иҷтимоии оилаву маҳалла, мардуму наздиконро медонаду ҳал намудааст? Ботинан барои адои ҳаҷ омода шудааст? Даҳҳо саволҳои ба ин монанд интизори посухи муфассалу мушаххасанд.
Пӯшидани сарулибоси ғайр (алалхусус, сатри аврати ҳоҷиояҳо), ташкили ҳоҷиошӣ бо забҳи чорво, худнамоӣ дар маъракаҳо, панду насиҳатгӯии ҳоҷии ҷавон ба калонсолон, бехабарӣ аз аҳволи муъминони мискин, аз ҷумлаи хешу табор ё худ ҳамсояи худ, хурофотпарастӣ ва садҳо амалкарди ношоистаи ҳоҷиёни навбаромад ба мушоҳида мерасад.
Ҳайрон мешавед, ки ходимони дин боре ҳам лаҷоми диндории ҳоҷиҳои навбаромадро намекашанд. Ҳол он ки мувофиқ ба мартабаву вазифаи диндорӣ ба аксари ҳоҷиён мебояд дарси одамият омӯхт! Ҳоҷӣ пайваста аз маъракае ба маъракае меравад, ки дар он исрофкорӣ аён аст. Ӯ ақаллан, соҳибони маъракаро аз ин амалу харҷи беҳуда бознамедорад.
М. СОБИРОВ,
дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети
геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)