ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУРУД БА ТУ, ЭЙ КӮДАКӢ!

ДУРУД БА ТУ, ЭЙ КӮДАКӢ!

03 июн 2024, Душанбе
26
0
Воқеан, кӯдакон сарвати бебаҳои ҳар як оила, ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, ҷомеаву давлат ва бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд, зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила, хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳамасола 1-уми июн дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Ватани маҳбубамон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Дирӯз ба хотири аз боғча гирифтани кӯдакам рафтаму бо дидани даву тоз ва шодиҳои бачагон хаёлам ба ёди он лаҳзаҳои воқеан, такрорнашаванда рафт. Кӯдакиҳои ман шояд аз дигарон фарқкунанда бошад, зеро ба давраи ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри ХХ рост омада буд. Он замон мо бозӣ намекардем, танҳо мезистем. Аммо, бояд эътироф кунам, ки он айёмро бо ҳама тазодҳояш дӯст медорам. Хотироти он рӯзҳо шабеҳи як асарест, ки аз хонданаш ҳеҷ дилгир намешавам. Агарчанде он рӯзҳо барои мо кӯдакони рустоӣ боғчаву майдончаҳои дилхушӣ ва, ҳатто лӯхтаку бозичаҳое вуҷуд надоштанд, вале бо ёфтани пораи нону нашунидани садои тир рӯзро барои худ фоли нек меҳисобидем. 
Зиндагӣ муаммоест, ки дар худ ҳазору як асрори ниҳон дорад. Ҳанӯз ҳам маро лаҳзае ба ёд меояд, ки аз надоштани пойафзоли зимистона наздик ба чор моҳ синфи якумро нахондам. Ману хоҳарам банавбат як либосро мепӯшидем, то аз мактабе, ки як ду  омӯзгор дошт, намонем. Зочаҳои аз лой омоданамудаамро соатҳо зери Офтоб хушк мекардаму бо боридани барфу борон дар як дам бо онҳо алвидоъ мекардам. Вале, бо вуҷуди ин ҳама нобаробариҳо, кӯдакиро давраи тиллоии умр мехонам. 
Чи зебост, вақте канори азизон зиставу дар оғӯши  гарми модар ва рӯи шонаҳои падар бузург мешавӣ. Туро дар ин даврон чизе азият намедиҳад, чун атрофат бузургонат ҳастанд. Ҳанӯз ҳам ҳар тараф давиданҳо, афтидану хестанҳо, хандидану гиристанҳои кӯдакӣ пеши назар ҷилвагар аст. Гарчанде айёми бачагиҳо кайҳо гузаштааст, вале он лаҳзаҳо мисли наворҳои филм майнаамро тарк намекунанд. Он рӯзҳо, қатъи назар аз синну сол, баробари калонсолон радио гӯш мекардему бо шунидани вожаи «сулҳ» хушбахт мегаштем. Каломи умедбахши Сарвари навинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов: “Ман ба шумо сулҳ меорам”, –ро, ки ҳанӯз дар ҳаштсолагиам шунидаам, ҳаргиз аз хотирам намебарорам. 
Воқеан, имрӯз фарзандони мо даврони тиллои худро дар як Ватани ободу озод ва осишта, зери сиёсати сулҳхоҳонаву ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат мегузаронанд. Боғчаҳои дорои тамоми шароит, мағозаҳои махсуси кӯдакона, майдоначаҳои бозӣ – ин ҳама шаҳодат аз осоиштагии имрӯзи Тоҷикистонро медиҳад. Бешак, кӯдакони имрӯз насли хушбахттарини давр мебошанд. Шукр, ки имрӯз бачаҳои мо дар шароити беҳтар аз мо, ки бо шарофати хидматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба даст омад, ба сар мебаранд. 
Кӯдакӣ айёмест, ки шукӯҳу шаҳоматашро ҳеҷ як шоире ба ғояти том васфаш накардааст. Дуруд ба ту, эй кӯдакӣ (!), эй ишқу муҳаббати поку беолоиш. Дарвоқеъ, васфи ту аввалу охир  надорад.
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив