ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР) ДАР ТОҶИКИСТОН

ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР) ДАР ТОҶИКИСТОН

04 июн 2024, Сешанбе
21
0
29-уми май  раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот карда, масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, коркарди партовҳо ва ғайраро таҳлилу баррасӣ  намуданд.
Раиси вилоят  саҳми ташкилоти байналмилалии молиявиро дар татбиқи тарҳҳои бузург назаррас арзёбӣ намуд. Бо сармоягузории БАТР то имрӯз як қатор тарҳҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар», амалӣ шудааст. Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи меҳмонон ба навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва кашидани хатҳои оби полизӣ ҷалб карда шуд. Роҳбарияти вилоят барои тақвияти ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуд.
Роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел дар навбати худ, таъкид кард, ки Бонк барои маблағгузорӣ  дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок омода аст.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаҳо дар самти идоракунии партовҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Ёвон, таъминот бо оби нӯшиданӣ дар шаҳри Норак ва рушди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон бо маблағи умумии 30,2 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд.
–  Ҳамзамон, вилояти Хатлон ҷонибдори он аст, ки ҳамкориҳо дар самти таъминоти самарбахш бо барқ ва гармӣ, бунёди роҳҳо ва рушди хизматрасонии нақлиётӣ, тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ ва обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ тақвият ёбанд, – гуфт  раиси вилоят.
Давлаталӣ Саид гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Дар доираи стратегияи мазкур татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ қабул гардид, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Пас аз мулоқоти расмӣ раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод бо Холгер Вифел аз бинои маъмурии КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”, ки дар асоси лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон" амалӣ шудааст, дидан намуданд. Ин лоиҳа айни ҳол дар шаҳри Бохтар ба маблағи 9,2 миллион доллар амалӣ мешавад ва дар асоси лоиҳаи мазкур филиали он дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ меёбад.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва БАТР такони хуб мебахшанд.
 
 
 
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ  ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ИТТИҲОДИ АВРУПО
29-уми май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Иттиҳоди Аврупо, ҷаноби Раймундас Кароблис мулоқот намуд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни вилояти Хатлон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд. Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили иқтисодиву сармоягузорӣ, коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ, татбиқи лоиҳаҳо, ҳуқуқи инсон, терроризму ифротгароӣ, энергияи сабз, тандурустӣ, истеҳсол ва коркарди пахта, маориф, нақлиёт, кишоварзӣ, таъмини оби ошомиданӣ ва ғайра муҳокима гашт.
Раймундас Кароблис баён дошт, ки Иттиҳоти Аврупо барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон 300 миллион евро ҷудо намудааст, ки 115 миллионаш ба вилояти Хатлон рост меояд. Феълан дар доираи татбиқи лоиҳаи беҳбуди таъмини оби ошомиданӣ ва корез дар манотиқи деҳот, бахусус мактабу бемористонҳо, корҳо бомаром идома доранд.
 
 
 
ВАХШ. МАСЪАЛАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МУҲОКИМА ШУД
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳнамоиҳои раиси вилояти Хатлон   30-юми май бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар деҳаи Қизилсойи Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо аҳолӣ вохӯрӣ  баргузор карда шуд.
Абдусаломзода Анзурат вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию забономӯзӣ, ободонию созандагӣ,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, фарҳанги бегона ва ҳамкории зичи оила ба мактаб ва ҷомеа суханронӣ намуд.
Дар суҳбат ишора рафт, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, бахусус бо заҳмату талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, то ки зиндагии шоистаро насиб гарданд.
Муовини раиси вилоят аз садоқату муҳаббати ҷавонони ноҳия, ки тайи чанд соли охир дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар вилоят пешсафанд, изҳори миннатдорӣ карда, афзуд, ки ин аз тарбияи дурусти волидайн гувоҳӣ медиҳад. 
Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар самти сарфакорӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ба маврид арзёбӣ намуда, амалишавии онро масъулияти ҳар фард ҳисобид. Дар вохӯрӣ сокинони деҳаҳои Қизилсой, Охгаза ва Янги-Ариқ иштирок дошта, вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта суханронӣ карданд.
 
 
ДАНҒАРА.  ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ
Дар доираи сафари кории Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, якчанд иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Шаҳбури ноҳия, бинои маъмурии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз 2 ошёна иборат буда, 12 утоқи корӣ, порисаҳо барои ҷойгиркунонии комбайнҳо ва 6 таваққуфгоҳи техникаҳо дорад.
Вилояти Хатлон аграрӣ буда, кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми арзанда доранд. Дар саҳни бино намоиши техникаву мошинолоти кишоварзӣ ташкил гардида, иттилоъ доданд, ки онҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонанд.
Дар идома, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва Сиҷоуддин Саломзода раиси ноҳияи Данғара, ҳамчунин, ба марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Сиёвуш - Ёқуб” ҳусни оғоз бахшиданд. Корхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саноатикунонии кишвар ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корхонаро соҳибкори маҳаллӣ Ҳаким Салимов бунёд кардааст. 
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти замонавии корхона аз Чин ворид карда шудааст ва зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Дар марҳалаи дуюм истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ба роҳ монда шуда, дар 5 андоза (20, 25, 32, 40, 50, 63 мм) истеҳсол мешавад. Иқтидори лоиҳавӣ дар як шабонарӯз 4 200 метр ва дар 1 сол 1 512 000 метрро ташкил медиҳад. Инчунин, дар корхона дарҳои оҳаниву чӯбӣ низ истеҳсол мешавад.
Роҳбарияти корхона нақша дорад дар марҳалаи сеюм боз як корхонаи истеҳсолии дигарро ба истифода диҳад, ки дар он зиёда аз 50 нафар ба кор ҷалб карда мешавад.
Дар маҳаллаи 15-уми Ҷамоати деҳоти Корези ноҳия сардхона барои 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шуд, ки дорои 2 ҳуҷра барои нигоҳдории мева ва сабзавот бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот мебошад. 
Бунёди чунин сардхонаҳо ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол мусоидат менамояд.
Роҳбарияти вилоят ва ноҳия, инчунин, дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдонча барои табибон ва кормандон пешбинӣ шудааст, ки дар вақти холӣ метавонанд ба бозии футбол машғул шаванд.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири ба варзиш машғул шудани сокинонро таъмин намоянд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БУНЁДИ “РОҲИ АБРЕШИМ” ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори генералии Бунёди “Роҳи абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Тсай Сиютзюн масоили таъсиси платформаи муштараки сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Фирдавс Толибзода зикр кард, ки таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад ва Тоҷикистон иштирокчии фаъоли ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" буда, ҳамкорӣ дар доираи ин ташаббус сол ба сол рушд меёбад. 
Дар робита ба ин, даъват ба амал оварда шуд, ки сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ва ширкатҳои суғуртавӣ афзоиш дода шавад. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон шароити мусоид ҷиҳати кушодани бонкҳои хориҷӣ ва филиалҳои онҳо фароҳам оварда шуда, ягон монеа барои сармоягузорӣ дар бахши бонкӣ ва суғурта дида намешавад. 
Директори генералии Бунёди “Роҳи абрешим” Тсай Сиютзюн дар навбати худ доир ба саҳми сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар иқтисоди Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ дар низоми бонкӣ ва самтҳои дигари ҳамкориҳо андешаҳои худро баён дошт.
Дар баробари шиносоӣ бо вазъи кунунии низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо, инчунин, масъалаи таъсиси платформаи молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, лоиҳаҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Ҷонибҳо изҳори бовар намуданд, ки амалӣ шудани ҳадафҳои дар мулоқот баёншуда ҷиҳати ба имзо расондани Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси “Платформаи муштараки сармоягузории Чину Тоҷикистон” кумак хоҳад кард.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2024 №: 105
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив