ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗОБОД.  ҲАМОИШИ СУДМАНД ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

ФАЙЗОБОД.  ҲАМОИШИ СУДМАНД ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

04 июн 2024, Сешанбе
86
0
 
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (аз 9-уми март), инчунин, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ  бо сокинон вохӯриҳо доир мегарданд. 
 
Аз ҷумла, чанде пеш дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳия Мансур Каримзода ва  роҳбарони сохторҳои қудратӣ бо  фаъолону ва ходимони дин баргузор гашт.
Мансур Каримзода зикр кард, ки ҳар як ҳарфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят ба роҳи рост ва зиндагии осуда мебошад. Тавре ки Сарвари давлат зикр карданд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд». Аз ин рӯ, вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то ки онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтанд. Ҷавонон бояд чун ватандӯсти асил ба воя расанд, баҳри ҳимояи Ватан-Модар хидмат намоянд, ифтихор аз Тоҷикистони биҳиштосо дошта бошанд ва дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда бигиранд. Мо бояд пеши роҳи қонуншиканиву исрофкорӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиро бигирем. Дар ин масир ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад.
Баъдан, риштаи суханро раиси суди ноҳия Бахтиёр Холиқзода гирифта, иброз намуд, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад. Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида ба  30-юмин солгарди ҳуҷҷати тақдирсоз, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алоқамандӣ дорад, зеро  он таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мебошад.
Прокурори ноҳия Хусрав Миралӣ дар атрофи муҳимтарин масъалаҳо, муаммо ва мушкилоти имрӯза, ки ба сабаби хурофоту ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ рӯйи кор омада, ба таҳдиду хатарҳо замина мегузоранд, бо мисолҳои мушаххас сухан ронд. 
Дар идома сардори шуъбаи ВКД-и ноҳия Маҳмадсафар Пирзода гуфт, ки 9-уми март, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки зимни он масъалаҳои доғ, аз ҷумла хурофотпарастӣ, таассуб, ҷаҳл, фолбинӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд, аз ҷониби мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамовозии гарм пайдо намуд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар бояд аз он бифахранд, ки дар биҳишти рӯи Замин – Тоҷикистон, зиндагонӣ мекунанд, озодона донишу илм меомӯзанд ва аз ҳама муҳимаш, Сарвари оқилу бохирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем, ки ба шарофати ин абармард дар ватани маҳбубамон сулҳу осоиш барқарор гардид ва он ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам мегузорад. 
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, вобаста ба суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мардуми одӣ низ андешаҳои бикр изҳор медоштанд. 
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2024 №: 105
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив