ҲУҚУҚ ВА БЕДОРИИ ФИКРӢ
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз нуктаҳои меҳварӣ ба ҳисоб мерафт. Пешвои муаззами миллат бо шарҳи аломатҳо ва нақши калидии ҳуқуқ дар рушди ҷомеа ва давлат ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Дар бастагӣ ба ин пешниҳод ва ба хотири таъмини заминаҳои ҳуқуқии он 30-юми декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.
Албатта, дар соли Ҷашни 30-солагии Конститутсия эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ тобишу рамзи ба худ хос дорад. Алоқамандӣ дар он зоҳир мегардад, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз донистан ва риояи меъёрҳои Конститутсия, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф кардааст, оғоз мешавад. Яъне, агар мо дар шинохти меъёрҳои Конститутсия қудрат ва тавонмандӣ ҳосил карда тавонем, ҳуқуқу озодиҳои худро бечуну чаро ҳифзу ҳимоя мекунем. Ин дар ҳолест, ки риояи қатъии меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ ва тарбияи баланди худшиносиву худогоҳии ҷомеа, ки бе баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайриимкон аст, аз таъкид ва дастурҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба шумор мераванд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ низ ба ин нукта ишораи возеҳ сурат гирифт: «Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, қонунсолорӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат ва арзишҳои миллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҳадафҳои меҳварии эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, анҷом додани тадбирҳои судманд дар ин самт фазои хуберо шакл мебахшад, ки ба эҳтиром ва риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, бедории зеҳнӣ ва рағбат ба азхудкунии донишҳои ҳуқуқӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ё қонуншиканӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳоло, агар ба омори мақомоти судӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, маълум мегардад, ки сол ба сол арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ба судҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла судҳои иқтисодӣ бештар гардидааст, ки ин худ баёнгари огоҳии сокинон ва то андозае тавсеа ёфтани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Албатта, чунин раванд дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомада, балки натиҷаи тадбирҳои то кунун анҷомдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, ки ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошт. Ба ин манзур, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва барномаҳои алоҳида таҳия ва қабул гардидаанд, ки татбиқи ин санадҳо, дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа таъсири амиқ гузоштаанд. Айни ҳол, дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 чун идомаи мантиқию бомароми ташаббусҳои қаблӣ дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст. Вале, тавре аз талошҳои роҳбарияти олии кишвар аён аст, ин поёни кор набуда, бояд дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ чораҳои судманду санҷидашуда идома ёбанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми аъзои ҷомеа, бахусус, доираҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Дар сурати содиқона амал кардан дар ин самт, пас кафолати ташаккули ҷаҳонбинии дорои арзишу фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва фатҳи уфуқҳои нави рушд таъмин мегардад.
Ф. КОМИЛӢ, раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)