КИСТ ТОҶИК!?
(Барои ноогаҳон)
Эй Худо, то чанд гӯям бо шумо!?
Тоҷикам ман, тоҷикам! Шукри Худо!
Тоҷикам ман, мисли ин рӯди зулол,
Мисли кӯҳистони пурхайру сахо.
Дар вуҷуди Ориёнои бузург
Тоҷикам ман – ориёии асил,
Порае андар вуҷудаш чун ҷигар,
Порае андар ниҳодаш ҳамчу дил.
Тоҷикам ман, тоҷикам аз Пешдод,
Он ки бори аввал оташро кушод,
Меҳргону Тиргонро офарид,
Он ки Наврӯзи Аҷамро кард ид...
Яъне, бо ин чор унсои1 азал,
Ӯ дар ин олам тамаддун офарид.
Пояи эҳёи ҳастиро ба худ
Ҳам барои чархи гардун офарид.
Тоҷики покизаҷону бехалал,
Зист умре дар ҳавои дӯстӣ,
Илму фарҳангу адабро офарид,
Буд умре раҳнамои дӯстӣ.
Тоҷикам, яъне ки қавми тоҷдор,
Миллати озодарӯ, озодакор.
Миллати сарманшаи сарводаҳо,
Миллати майдони фазлу нангу ор.
Миллати ман ҳеҷ гаҳ, бо ҳеҷ ваҷҳ
Хуни халқи бегуноҳеро нарехт,
Ҳеҷ гоҳе ҳамшабеҳи барбарон
Хоки мулки бепаноҳеро набехт.
Гарчи хунашро фаровон рехтанд,
Гарчи душман сар буридаш бешумор
В-ин ҷаҳолатпешагон афрохтанд
Аз сари бубридааш чандин манор.
Синаи раҳм асту шафқат, меҳру ишқ,
Кори тоҷик нест бо ҷангу ҷидол.
Мулки шафқат, миллати сарводаҳост,
Рӯзгораш тозаву поку ҳалол.
Тоҷик аст аз мулки “Менӯи хирад”,
Аз “Авасто”, аз вузуҳи2 Зардуҳишт.
Аз навои ҷонфизои Борбад,
Бо фари аржанги Монӣ ҳамсиришт.
Кори ӯ бо боғу роғ асту замин,
Бо китобу илму фарҳангу Худост.
Бо сиришти неку бо хайру сахо
Одамиятро ба некӣ раҳнамост.
Порсиасл асту халқи порсо,
Дар забонаш савти ҷонбахши дарист.
Бо сари афрохта бар Каҳкашон
Ҳамдиёри фазлу ишқу дилбарист.
Аз бузургонаш чӣ гӯям? Рӯдакӣ
Одамушшеър асту андар кибриёст,
Буалӣ, Хайёму Саъдӣ, Мавлавӣ,
Боз чанде, ҷойгошон дар бақост.
Миллати ман борҳо эҳё шуда,
З- оташи худ сӯхта Қақнусвор.
Чист, бемаргӣ ба ӯ бахшидааст?
Гар на некиву адолат, гар на ор!?
Лек акнун бас, дигар бас, дӯстон,
Баҳри ҳифзи шаънатон боло шавед.
Менамирад адл аз тиру туфанг,
Аввал имон, баъд ҷон! Боло шавед!
Душмани мо тарсу ларзу содагист,
То ба кай бо ӯ муросо мекунем!?
То намонад бар сари мо пойи наҳс,
Душмани худро таҳи по мекунем.
Бо ҳамин шаъну шараф, номи баланд
Бар аду оё кунун тан медиҳем?
Дар дифои номи неки халқи худ
Сар ба сар мо тан ба куштан медиҳем!
Шафқати мо душмани мо гаштааст,
Оҳ, эй халқи накуву хушнафас.
Бо ҷасорат аз вуҷуди худ баро,
Бас бувад, бас!
Бас бувад, бас!
Бас!
Бас!
Душмани мо боз боло гаштааст.
Боз хоҳад хуни моро рехтан.
Панди он таърихи хунин ин бувад:
Хоки душманро бубояд бехтан!
Душмано!
Гар халқи мо бенанг буд,
Нест кайҳо гашта буд аз ин ҷаҳон.
Бехабар ҳастӣ, ки худ неруи адл
Дар сиришти мо бувад монанди ҷон.
Роҳи ин Меҳан ба боло мебарад,
Сӯи авҷи қуллаҳои сарбаланд.
Қалъаи подори шаъни ӯ бувад
Ин манори қуллаҳои сарбаланд.
Зинда то адл аст, тоҷик зинда аст,
Зинда то некист, ӯ монад чунон.
Бигзарад аз оташу собит кунад,
Бегуноҳӣ, покияшро дар ҷаҳон.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
________________
1. Унсо- унсур.
2. Вузуҳ-рӯшноӣ, нур.
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)