ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АҲРОР МУХТОРОВ ДАР ҚАТОРИ 500 ОЛИМИ МАШҲУРИ ҶАҲОН

АҲРОР МУХТОРОВ ДАР ҚАТОРИ 500 ОЛИМИ МАШҲУРИ ҶАҲОН

06 июн 2024, Панҷшанбе
26
0
Моҳи ноябри соли равон дар кишвар 100-солагии таърихшиноси маъруф, академик Аҳрор Мухторов, ки соли 1994 Институти библиографии Амрико ин олими барҷастаи тоҷикро ба китоб-маълумотномаи президентии “500 олими машҳури ҷаҳон” ворид сохт, ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлили зодрӯзи олими шинохта дар асоси Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, доир мегардад.
Доир ба ин санаи таърихӣ чанде пеш дар шаҳри Истаравшан ҷаласаи вижа доир шуда, оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани ин ҷашн, ки ба шинохти таърихи мамлакат, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои шахсиятҳои таърихӣ мусоидат менамояд, иштирокдорон пешниҳодҳои  муфид намуданд.
Дар иртибот ба ин Парвиз Зафарзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан, чунин гуфт: “Тадқиқоти Аҳрор Мухторов масъалаҳои мухталифи таърихи асрҳои миёнаи халқи тоҷикро дар бар мегирад. Ӯ садҳо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, ёдгориҳои эпиграфиро, ки барои омӯхтани таърихи муносибатҳои феодалӣ ва ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна қимати илмӣ доранд, ба нашр тайёр кард. Мухторов   яке аз муаллифони китоби  дарсии «Таърихи РСС Тоҷикистон» барои мактабҳои олӣ ва миёна, асари сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад.  Зиёда аз 25 асар ва 150 мақолаи илмӣ-оммавӣ таълиф намудааст. Мо тасмим гирифтем, ки тамоми асарҳои ин олими сатҳи ҷаҳониро дар куллиёти 10-ҷилда ҷамъ оварем.  
Воқеан, асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияҳои Русия, ИМА, Англия, Олмон, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба табъ расида, шуҳрати илми таърихи миллати тоҷикро бардоштанд. Тайи фаъолияти пурмаҳсул олими мумтоз бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва амсоли инҳоро пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расонданд. Ба қавли устодаш академик Александр Семёнов, «ганҷи парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд».  
Парвиз Зафарзода  илова кард, ки  то ҷашни солгарди академик Аҳрор Мухторов оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмӣ китоб ва мақолаю лавҳаҳои ҷолиб нашр мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки олимони варзидаи мамлакат конференсияҳои илмӣ доир шуда, осорхонаҳои устод мутобиқ ба талабот муҷаҳҳаз мегарданд. Ҳамзамон, се конфронси ҷумҳуриявӣ дар нақша аст, ки дутои он дар шаҳри Истаравшан ва дигараш дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив