ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИДИ ФОТЕҲОН

ИДИ ФОТЕҲОН

10 июн 2024, Душанбе
5
0
Деҳқонони колхозии респуб-ликаамон ба душвориҳои калони обу ҳавои баҳор ва тобистони соли 1957 нигоҳ накарда, дар пахтакорӣ ба комьёбиҳои барҷаста ноил гардиданд. Онҳо чунин ҳосили фаровоне парвариш карда расонданд, ки мислашро дар тамоми давраи мавҷудияти республика дида нашудааст. Тоҷикистон дар соли 1957 ҳам плани давлатии пахтасупориро пеш аз мӯҳлат ва хеле барзиёд иҷро карда, боз дар Иттифоқи Советӣ дар бобати ҳосил ҷои якӯм ва дар бобати ҷамъоварии умумии пахта ҷои дуйӯмро ишғол намуд.  
«Қадри зарро заргар медонад» – мегӯянд  ҳикмати халқӣ. Оре Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ қадри меҳнати одамони сарзамини ҳамешабаҳору бехазонамонро нағз медонанд ва ба он баҳои сазовор медиҳанд. Бесабаб нест, ки онҳо бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ ва ордену медальҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида мешаванд. 
Дар мамлакати мо ид болои ид меояд. Ду моҳ зиёдтар пеш аз ин мо 40-солагии Ҳокимияти Советӣ, дертар рӯзи Конституцияи СССР ва чанде пеш соли нав-ро ид кардем. 18 январь барои меҳнаткашони республикаамон боз як рӯзи нишот аст.  Дар ин рӯз дар райони Орҷоникидзеобод ба муносибати  бо комьёбиҳо ҷамъбаст карда шудани соли 1957 ва бомуваффақият иҷро гардидани плани давлатии пахтасупорӣ ид барпо мегардад. Ин ид, иди мардони майдон, иди фотеҳон аст, ки  онҳо аз душвориҳо наҳаросиданд  ва дар назди табиати саршах сари таслим фуруд наоварда, ба зафар комьёб шуданд, қавлашонро дар назди Ватан, партия ва халқ бо сарфарозӣ ба ҷо оварданд. Марҳамат, ба ид.
 
 “Тоҷикистони советӣ”, 
14 январи соли 1958, № 11 (8594)
Омодасоз З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив