ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶАВОНӢ» – МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХОРИҶ

«ҶАВОНӢ» – МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХОРИҶ

10 июн 2024, Душанбе
7
0
Яке аз аввалин корхонаҳои муштарак ва муваффақи соҳаи саноати сабуки кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки марҳала ба марҳала пеш рафта, дар бозори Аврупову Амрико ва Осиёи Марказӣ мақоми худро ёфтаст, ҶДММ “Ҷавонӣ” мебошад. Корхонаи мазкур соли 1992 таъсис ёфта,  инак, беш аз се даҳсола мешавад, ки муваффақона Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо маҳсулоти сатҳи баланди меъёрҳои ҷаҳонӣ  дар ҳамаи бозорҳои олам муаррифӣ месозад. 
Маҳз бо кордонию ташкили хуби истеҳсолот, омӯзиши бобарори талаботи бозор “Ҷавонӣ” ҳамаи мушкилию буҳронҳои солҳои охирро сарбаландона паси сар карда,  рушд  ва ба фардои боз ҳам муваффақаш эътимод дорад. 
Феълан, дар  ҶДММ  “Ҷавонӣ”, ки   қариб 780 коргар дораду 82 дарсади онро бонувон ташкил медиҳанд, талош меварзанд дар як сол  1250 тонна калоба, 2 ҳазору 450 метри мураббаъ матои хаттӣ ва 1 ҳазору 440 адад либоси тайёр истеҳсол кунанд. Ин ҷо ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун бахшидани иқтидори содиротӣ тадбирҳои воқеӣ ва амалӣ меандешанд. Бино ба иттилои директори генералии ҶДММ “Ҷавонӣ” Иброҳим Ғафуров,  ҳоло 95 дарсади маҳсулоти корхона ба содирот нигаронда шудааст. Соли 2023 корхона ба маблағи 123,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст ва соли равон тасмим дорад ин рақамро то ба 127,6 миллион сомонӣ расонад.
Имрӯз ҶДММ “Ҷавонӣ” аз ҷумлаи коргоҳи азими истеҳсолии муҷаҳҳаз  бо хатти технологии муосиру мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, барои коркарди амиқу ниҳоии маҳсулоти пахта фаъолият мекунад. Дар ширкати мазкур системаи байналмилалии идоракунии сифат ISO 9001-2015 ҷорист, ки нишони эътирофи дорои маҳсулоти сифатан аъло мебошад. 
Роҳбарияти корхона тасмим дорад, дар баробари  афзоиши иқтидори содиротӣ, ҳамзамон, номгӯйи маҳсулотро низ зиёд намояд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив