ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дар Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафар барои кӯшиши анҷоми маросими ҳаҷ бе иҷозатнома боздошт шуд

Дар Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафар барои кӯшиши анҷоми маросими ҳаҷ бе иҷозатнома боздошт шуд

13 июн 2024, Панҷшанбе
23
0
CentralAsia (CA). Мақомоти Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафарро боздошт карданд, ки барои ширкат дар маросими ҳаҷ сабти ном нашуда буданд, – хабар медиҳад Aljazeera.
Дар миёни боздоштшудагон дар рӯзҳои ахир ҳудуди 157 ҳазор нафар аз хориҷиён низ ҳастанд, ки ба ҷойи раводиди зиёратӣ талош доранд, бо раводиди сайёҳӣ маросими ҳаҷро анҷом диҳанд.
Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, аз 8-уми июн то кунун беш аз 1 миллиону 300 ҳазор зоири сабтиномшуда барои ширкат дар маросими ҳаҷ ба ин кишвар омадааст. Қаблан мақомоти ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ ва резидентҳоро (шаҳрвандони дигар давлат, ки дар мамлакати дигар иқомати доимӣ доранд) аз муҷозоти шадид барои ширкати ғайриқонунӣ дар Ҳаҷ-2024 ҳушдор дода буданд. Бар асоси ин баёния, афроде, ки иҷозати сафари ҳаҷ надоранд, ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва то 50 ҳазор риёли саудӣ (беш аз 13,3 ҳазор доллари ИМА) ҷарима мешаванд. 
 
 
Гутерриш: «Низоми байналмилалии молиявӣ  куҳна ва ноодилона аст»
Газета.ru. Сохтори байналмилалии молиявӣ куҳна ва нисбат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ беадолатона аст. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба муносибати 60-умин солгарди таъсиси Конфронси тиҷорат ва рушди СММ (UNCTAD) изҳор дошт. Гутерриш гуфт, ки сохтори молиявии ҷаҳонӣ натавонистааст амнияти кишварҳои рӯ ба тараққиро, ки ба қарз ғӯтидаанд, таъмин созад ва низоми тиҷорати байналмилалӣ аз ҳама ҷонибҳо ба мушкилот мувоҷеҳ буда, дар остонаи парокандагӣ қарор дорад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ҷаҳон ба худ иҷозат намедиҳад, ки ба блокҳои ба ҳам зид ҷудо гашта, пароканда шавад, аз ин рӯ, бояд тиҷорати Ҷанубу Ҷанубро тақвият дода, суботро дар ҷаҳони бисёрқутбӣ тавассути эҷоди як сохтори нави байналмилалии молиявӣ таъмин кард. 
 
 
Суҳбати телефонии Лукашенко бо Путин 
Анадолу. 12-уми июн Президенти Беларус Александр Лукашенко бо Президенти Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, масоили иқтисодӣ ва иҷрои тавофуқҳое, ки дар соҳаҳои иқтисод ва амният зимни сафари расмии Роҳбари Россия дар Минск ҳосил шуда буданд, баррасӣ  намуданд. 
Зимни суҳбат сарварони давлатҳо масъалаҳои мудофиа ва  амниятро ҳамчун як қисми алоҳида баррасӣ карданд.   Президентҳои Беларус ва Россия дар бораи ҷадвали тамосҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд. Александр Лукашенко Владимир Путинро бо Рӯзи Россия табрик кард.
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив