ҚАЙИҚРОНӢ
Муҳаммадӣ Раҷабов – чемпиони Осиё-2024
Варзишгари умедбахши кишвар Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонон ду медал ба даст овард.
Мусобиқа 14-16-уми июн бо иштироки варзишгарони беш аз 17 давлати қора дар Тайланд доир гашт. Дар он ҷавонони то 18 ва то 23-сола сабқат карданд.
Муҳаммадӣ ягона намояндаи Тоҷикистон буд ва миёни ҷавонони то 18-сола дар каноэи якнафарӣ дар масофаи 1000 метр медали тилло ва дар масофаи 200 метр медали нуқра гирифт.
САМБО
Се медали паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои варзишии БРИКС
Самбочиёни кишвар дар Бозиҳои варзишии БРИКС-2024, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ҷараён дорад, се медал ба даст оварданд.
Бозиҳо бо иштироки варзишгарони 90 давлат аз рӯйи 27 намуди варзиш 13-уми июн шуруъ гардида, то 24-уми июн идома меёбанд. Тоҷикистонро 84 варзишгар дар 13 намуди варзиш намояндагӣ дорад.
Дар ҳайати Тоҷикистон рӯзҳои аввал дар мусобиқаи самбо Сорбон Латифов (64 кг), Деваштич Убайдӣ (79 кг) ва Зафар Олимшоев (88 кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.
ФУТБОЛ
Тимҳои наврасон ва ҷавононамон дар марҳалаи интихобии ЧО-2025 бо киҳо бозӣ мекунанд?
13-уми июн дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 20-сола ба вуқуъ пайваст.
Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Уммон, Сингапур ва Гуам мебошанд. Бозиҳои ин гурӯҳ 19-27-уми октябр дар Сингапур сурат мегиранд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бошад, ҳамроҳ бо дастаҳои Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва ҶХД Корея ба гурӯҳи «Е» шомил шуданд. Бозиҳо дар гурӯҳи “Е” 21-29-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд.
Бар асоси натиҷаи марҳалаи интихобӣ дар ҳар ду синну сол 10 тими ғолиб ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола аз 3 то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ ва миёни ҷавонон аз 6 то 23-юми феврал дар Чин баргузор мешавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)