ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КВД “РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН”.  МИНТАҚАИ СУҒДӢ ФАЪОЛ МЕШАВАД

КВД “РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН”.  МИНТАҚАИ СУҒДӢ ФАЪОЛ МЕШАВАД

16 март 2023, Панҷшанбе
38
0


Ҷомеаи меҳнатии минтақаи суғдии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба афзудани ҳаҷми бору мусофиркашонӣ, ҳамзамон, ҷалб кардани соҳибкорон ба хотири рушди муътадили иқтисодӣ дар ду-се соли охир    сарфи назар аз баъзе мушкиливу монеаҳо, тавонист ба пешравиҳо муваффақ гардад. Ин нукта дар маҷлиси фаъолони вилоят оид ба натоиҷи иқтисодӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар соли 2022 низ, таъкид шуда буд.

– Хушбахтона, бо муътадилшавии вазъи сиёсӣ дар минтақа ва эҳёи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, хоссатан кишварҳои Осиёи Миёна ва Россия, дар фаъолияти кории минтақаи суғдии КВД “ Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ, як ҷунбиш ва ё таконе эҳсос мешавад, ки барои ривоҷи минбаъдаи соҳа далел аст, –  мегӯяд Убайдуллохон Обидов, сарвари бахши суғдии ин корхона.
Агар содироти ҳама номгӯй молу маҳсулот аз  минтақаи суғдии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 15 сол қабл ҳамагӣ 200 – 250 ҳазор тоннаро ташкил медод, пас, ҳоло ин рақам танҳо дар ҷамъбасти соли 2022 наздик ба 800 ҳазор тонна расид, ки ин баландтарин дастовард дар даврони соҳибистиқлолист. 
Имрӯз ҳаракати бонизоми қатораҳои боркашону мусофиркашон дар вилоят он як муҳити хуби оромиву осоиш ва созандаю бунёдкории даврони то соҳибистиқлолиро  ба хотир оварда,  шаҳрвандон ба фардои боз ҳам орому осуда назари умед мебанданд. Дар ҳамин радиф,  аз нав фаъол шудану ба роҳ мондани қатораи мусофирбар ба самти Россия бо хатсайри № 359 “Хуҷанд – Волгоград” дар дили шаҳрвандон эҳсоси гармеро бедор кард.
– Ин хатсайр ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе аз саристгоҳи шаҳри Ғафуров ба роҳ мебарояд ва нархи билет дар ҳолати 30 – 45 рӯз қабл дастрас кардан 1300 сомониро ташкил медиҳад. Мутахассисон ҷиҳати сафари хубу бехатари мусофирон дар қатораҳо тамоми шароитҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯзро муҳайё кардаанд, ҳамин аст, ки  теъдоди мусофирони ба кишвари Россия сафардошта бомаром меафзояд. Соли гузашта бо оғози фаъолияти ин хатсайр зиёда аз 2300 нафар ҳамватанони мо аз хизмати босифати қатораҳо баҳраманд шуда, ҳамзамон, аз самти Волгоград  2 ҳазору 480 нафар бо ин хатсайр ба Ватан баргашт ва умед дорем, ки соли равон миқдори мусофирон дучанд хоҳад шуд, – иброз медорад Убайдуллохон Обидов
Бино ба иттилои  ӯ,  ба хотири таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо ҳамсоягон низ, феълан робитаҳои зич роҳандозӣ шуда, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик чанд хатсайри сайёҳӣ бо ҳамтоёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода мешавад.
Дарозии  роҳҳои оҳани дар минтақаи  Суғд буда 272 километрро  ташкил медиҳад.  Қатораҳои мусофиркашон ба тамоми шароитҳои  ҷавобгӯй ба талаботи рӯзу қатораҳои боркашон бо ҷузъиётҳои зарурии замонавии бехатарӣ таъмин мебошанд. 

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив