МО РОҲИ ХУД ВА САРВАРИ ХУДРО ДОРЕМ!
Аз Абдулқадири Хуросонӣ, муллотароше, ки даъвои ҷиҳод дорад, мехоҳам бипурсам: «Бо таассубе, ки доред, Афғонистонро то ба куҷо расондед?». Кӯри худу бинои мардум, боре андеша накардӣ, ки чаро мардуми кишварат даҳсолаҳост аз чунин вазъ раҳо намеёбад? На! Пас, ман ба ёдат меорам, чун ту баринҳо асрҳои аср донишмандонро куштанду бо ин амали ғайриинсонӣ кишварашонро ба вартаи ҷаҳолат оварданд.
Даъво дорӣ, ки муллоӣ, донишмандӣ, пас, чаро ба ҷойи бо халқи ҷаҳон ҷанг эълон кардан, бо хоҷагони фарҳангкушу ақлрабои худат, билохира бо хӯйи бади хеш ҷиҳод эълон намекунӣ? Магар, аз ин дида ҷиҳоди бузургтаре метавонад вуҷуд дошта бошад?
Беҳтарин муаррифгари дини мубини Ислом ахлоқу одоби накуст. Ҳирсу мансабхоҳии шумо чӣ қадар мардумро дарбадар ва бечораву хору залил карда? Боре дар ин бора андешидаед? Оё Худованд ҳаминро мехоҳад?
Барои дарки он, ки озодии мо- занону модарони тоҷик бо фасод олуда нест, чашми бино лозим аст. Ту, ки дар фасод ғӯтидаӣ, чӣ тавр метавонӣ инро дарк ва қабул намоӣ? Дигар ин, ки оё дашном додан лоиқи як марди мусалмон аст? Имрӯз пора-пора Қуръони азимушшаънро ба мо кӯшиши тафсир кардан дорӣ, оё қавме, ки мутасаддии он ҳастӣ, аз ин ҳама бархӯрдор аст? Бадахлоқӣ ва бадгуфториро ба худ раво дидаӣ, ки ин ҳам аз фитрати пӯсидаи худат маншаъ мегирад. Чилу ду сол боз як кишвари ободро ба коми оташу хун кашидаед. Мардум аз ин ҳама хаста шудаанд. Вале, ҳайҳот, ки ба ин ақли «гироятон» намерасад. Акнун мехоҳед домони оташи бетагатонро, ки ҷаҳаннам аст, дар кишвари мо паҳн созед? Ҳаргиз ба ин нияти шуматон намерасед. Мардуми тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, дар пайи обод сохтани кишвари худанд. Шумо чӣ?
Афсӯс, ки ҳанӯз ҳам як тоифаи гумроҳу ношукр ба қадри неъмате, ки дорем, намерасанд. «Ҳайбале» гуфтани баъзе аз чунин тоифаҳо ба “маъвизаҳо”-и шумо ҳеҷ гоҳ маънии ҳамақида будани мардуми шарифи Тоҷикистонро ба шумову хоҷагонатон надорад. Мо роҳи худ ва Сарвари хешро интихоб кардаем ва то охир ба идеяҳои миллии худ содиқ мемонем. Бо қимати ҷон ҳам бошад, аз он даст нахоҳем кашид. Дар муқобили ҳар гуна душман, аз ҷумла бо шумо барин мавлавиҳои худхонд ва худном, то он ки ҳастем мубориза мебарем.
Бубинед, ки шумо то кадом ҳад ба ҷое расидаед. Имрӯз либоси мо занон ҳадафи ниқори шумо гардидааст. Шояд ақлатон ҳамин қадар бошад?!. Лекин фаромӯш накунед, ки аксари занони тоҷик мастуранд.
Тафовути раҳро бубинед: Пешвои муҳтарами халқи тоҷик ҷоннисорӣ карда, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима бахшиданд ва Тоҷикистонро аз нобудшавӣ наҷот доданд. Бо номи баланд, фарҳанги олӣ тоҷиконро ба дунё шиносонданд. Ҳамасола садҳо духтарони ятимро ройгон, тариқи квота мехононанд, соҳиби кору манзилу бахт мекунанд...
Шумо чӣ кор кардед? Дари мактабҳоро ба рӯйи духтарон бастед, ки каниз бошанд, зеро хуб дарк кардаед, ки мардум бесавод бошанд, ғулом шуданашон осон аст. Намегузоред мардум босавод бошанд.
Пешвои миллати мо ҳама аркони дини мубини Исломро ба ҷой овардаанд. Дар Душанбе калонтарин масҷиди Осиёи Марказиро бунёд намуданд. Роҳ сохтаанду месозанд, мактабу интернатҳо (парваришгоҳҳо) бунёд ва сари ятимонро ҳам сила мекунанду ҳам ғамхорӣ. Эмомалӣ Раҳмон маорифпарвари бузурги замон, нобиға, ифтихори тоҷикони ҷаҳон аст! Агар мардона ин ҳамаро тасдиқ кардан намехоҳед, пас, дар ҳаққаш бадгӯӣ накунед, ки гуноҳи азимро хоҳед бар худ гирифт. Ғайбат ва туҳмат чи подоше дорад, инро худат нағз медонӣ.
Туву ту баринҳо чӣ кардед? Дар Афғонистон кӯдакони бечораи зӯру тавоннадоштаро истисмор менамоед, занонро бадбахту беҳуқуқу беэътибор кардед. Ин ту баринҳо исломро доғдор мекунед. Ҳар чӣ хилофи дину Қуръон аст, анҷом медиҳед. Мардум аз ҷабру зулматон ба дод омадааст. Вақте дар кишваратон чунин мушкилот мавҷуд аст, аз кадом дин суҳбат мекунед, аз кадом ҷиҳод овоз баланд менамоед, бо кадом рӯй ба сӯйи Худо менигаред?!
Адибаи ХУҶАНДӢ
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)