ДАРВОЗ. РОҲҲО ҚАЛБҲОРО ПАЙВАНД МЕКУНАНД
Қитъаи шоҳроҳи 160 - километраи Кӯлоб- Қалъаихумбро, ки пештар мошинҳо дар 8-10 соат мепаймуданд, ҳозир дар 2,5-3 соат паси сар менамоянд. Муҳимтар аз ин он аст, ки мавзеи Девдараи акнун ба таври шинохтанашаванда ободу зебогаштаро Роҳбари давлат Гулдара ном ниҳоданд. Ҳамчунин, деҳаҳои аз дасти бероҳӣ вайрону валангоргаштаи Яхчипун, Яхчи Миёна, Яхчисор, ки сокинонашон тарки зодгоҳ намуда буданд дубора ба маҳалҳои худ баргашта онҳоро эҳё ва обод карданд. Дар ин маконҳои нави истиқоматӣ муассисаҳои самти саноатӣ ва иҷтимоӣ сохта, аз деҳаи Зиғар то деҳаҳои Яхчисору Яхчи Миёна хатти барқ кашида шудааст.
Дар маросими ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти самти иҷтимоии деҳаи навбунёди Яхчисор Пешвои муаззами миллат иштирок намуда буданд. Ҳоло Яхчисор аз зеботарин маконҳои истиқоматӣ на танҳо дар Тангнои Дарвоз, балки дар саросари ноҳияи Дарвоз ба шумор меравад.
Ҳамсуҳбатамон Нуриддин Одинаеви роҳсоз иброз дошт, ки тайи чанд сол аст, ки аз қитъаи шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб - Қалъаихумб шабу рӯз тамоми намуди нақлиёти автомобилӣ бемамоният ҳаракат мекунад. Селраҳаҳои мавзеъҳои Кишту Хирманҷой ва Оби Ниёв танҳо дар навору расмҳо ва хотираҳо боқӣ мондаанд. Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб-Ванҷ даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, дар масофаи 109 километр бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Ҳамчунин, дар ноҳия роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта зиёда аз 220-километрро ташкил менамоянд. Дар ҳудуди ноҳия, ҳамчунин, нахустин ағбаи роҳҳои тулонии Бадахшон-ағбаи Хобу Рубот ҷойгир аст. Барои дар ҳолати бенуқсони истифодабарӣ қарор додани роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла роҳи 45- километраи ағбаи Хобу Рубот бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари идораи роҳтаъмиркунии минтақаи Қалъаихумб инчунин, Муассисаҳои давлатии “Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард”-и минтақаҳои Яхчипун ва Сағирдашт низ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар ташкил карда, бо техникаи навтарин таъмин шудаанд. Солҳои тулонӣ роҳи ағбаи Хобу Рубот танҳо охирҳои моҳи май ва аввали моҳи июн ба воситаи булдозерҳои камқуввати С-100 ва ДТ- 75 кушода мешуд. Имсол тариқи техникаи пуриқтидор роҳи ағба пеш аз муҳлат, аз барфу тарма тоза ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Фасли зимистони имсола бе ягон мушкилот пушти сар шуд, вале табиати музофотҳои кӯҳистон қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Дар ин маънӣ устоди шодравон Муъмин Қаноат дуруст гуфтаанд: “Гаҳе борону гоҳе санг борад, Чӣ чархишҳо, ки дар чархи барин аст”. Боришоти шадиди барфу борони фасли баҳор ба як қатор қитъаҳои шоҳроҳи автомобилгард, алалхусус дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Нулванд дар 300-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма зарари зиёд расонд. Роҳсозон тавонистанд, ки оқибатҳои фаромадани селу сангу кӯҳпораҳоро сари вақт бартараф намуда, мавзеи осебдидаи шоҳроҳро дар фосилаи вақти кӯтоҳ кушоянд. Ҳамзамон, ба ободии роҳҳои маҳаллии байни деҳоти мавзеъҳои Ушхарв, даштҳои Лучу Ёвон, Хост, Гишун, дараи Висхарв, Пошхарв, Марғак, Чухкаку Гурбадара, Сари Об ва дигар маконҳои аҳолинишини дурдаст ва баландкӯҳ имсол низ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз диққати ҷиддӣ дода, нисбат ба солҳои гузашта маблағҳои зарурӣ зиёдтар ҷудо карда мешаванд, – гуфт дар анҷоми суҳбат сардори Муассисаи давлатии “Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз Нуриддин Одинаев.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)