ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ. ДУ МАНСАБДОР ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҶАВОБ МЕГӮЯД

ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ. ДУ МАНСАБДОР ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҶАВОБ МЕГӮЯД

24 июн 2024, Душанбе
27
0
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ду парвандаи ҷиноятиро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, санҷиши молиявӣ-хоҷагидорӣ дар фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молия нишон додааст, ки директори ҶДММ «Помир Трипс» Ш. Саидраҳмонов моҳи апрели соли 2023 нақшаи тиҷоратӣ оид ба «Рушди сайёҳии кӯҳӣ дар ВМКБ бо роҳи бунёди инфрасохтори мавсимӣ»-ро ба маблағи 24 000 доллари ИМА тартиб дода, онро ба Маркази номбурда пешниҳод намудааст. Вобаста ба ин, байни тарафҳо оид ба пешниҳод намудани маблағҳои грантӣ созишнома ба имзо расида, дар асоси он ба суратҳисоби ҶДММ «Помир Трипс» 209 541 сомонӣ гузаронда шудааст. Вале Ш. Саидраҳмонов баъд аз ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағ бандҳои созишномаро қасдан иҷро накарда, 154 591 сомонии барои хариди молҳои арзишдор пешбинишударо тасарруф карда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари масхусан калони моддӣ расондааст. 
Оид ба ин ҳолат алайҳи Ш. Саидраҳмонов бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, маркази матбуоти Агентӣ аз тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни таъмири роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки дар он сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Қ. Ҳоҷаев айбдор мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, Қ. Ҳоҷаев баъд аз баранда гардидани Муассисаи зери роҳбариаш дар озмуни тендерӣ ҷиҳати таъмири роҳҳои автомобилгарди кӯчаи А. Сангин, А. Сараев ва И. Ҳокимзодаи ноҳияи Шаҳринав бо пешниҳоди 919363 сомонӣ зимни таъмири роҳҳо ҳаҷми корҳои анҷомшударо барзиёд нишон дода, бо роҳи сохтакории санадҳои иҷрои кор 144354 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Дар ин робита бар асоси ду модда (245 қисми 4 банд “б” ва 323)-и Кодекси ҷиноятӣ нисбат ба Қ. Ҳоҷаев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.06.2024 №: 119-120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив