ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ Ё АЗ ҒАФЛАТЗАДАГӢ ТО РИСОЛАТШИНОСӢ

ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ Ё АЗ ҒАФЛАТЗАДАГӢ ТО РИСОЛАТШИНОСӢ

24 июн 2024, Душанбе
33
0
Дар давроне, ки кишвар орому мардум осуда аст, сӣ соли пеш ба ёдам мерасад. Пеши назар замони бенизомиҳо меояд. Аз давру бари шаҳр рӯканию мӯканию нолаю шеван ба гӯш мерасид. Он замон ба ҳаллу фасли ҳар коре камону тир довар буд. Мардум парешону ба ҳоли хеш саргардон. Аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аҳли кишвар хонавайрон гашта, бақои давлату миллат чун ашке дар сари миҷгон овезон меистод. 
 
Бо нақли он саҳнаҳои махуф падарам то ҳол моро насиҳат мекунанд, ки ба қадри имрӯзи обод расед. Ва доимо мегӯянд: “Мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар кардем. Худо кунад, ки ҳеҷ гоҳ шумо он рӯзҳоро набинед”. Аз сафҳаи хотироташон лаҳзаҳоеро ёд меоранд, ки барои мо қобили андеша ва шинохт аз дирӯзи парешону имрӯзи дурахшон аст. Падарам аз саҳнаҳои торику ҷигарсӯзи даргириҳои дохилӣ, аз ҷасорату фитрати худододи Пешвои миллат нақл мекарданд. 
Таърих довари ҳақбин аст ва ҳодисаҳоро дар хотироти худ маҳфуз медорад. Дар таърихи давлатдории навини мо хидматҳои мондагори Пешвои миллат, ки дар як вазъияти бисёр сангин ба саҳнаи сиёсиву мақоми роҳбарӣ омаданд, фаромӯш нахоҳад кард. Ин шахсияти тобноки таърих бо каломи сулҳ дар забон ба Кобул, Теҳрон ва Маскав рафтанд. Ҳамчун Исмоили Сомонӣ бо фазли Илоҳӣ ба ҳифзи миллати  парешонгашта бархостанд ва муваффақ шуданд.
Пас, месазад, ки мо заҳмату талошҳои ин шахсияти таърихиро қадр кунем. Гузашта аз ин, ба қадри ин неъмат – сулҳу ободӣ бирасем. Ба суханҳои хоинони дохиливу хориҷӣ гӯш надиҳем, фирефтаи доми тазвиру риёи онҳо нагардем. Чун мебинем, имрӯзҳо душманони ин миллат ба пешрафту ободии кишвари мо чашми нек надоранд. Аз оташи рашку ҳасад нисбат ба давлату Ҳукумати мо носазо мегӯянд. Аз ин дида сахттар он аст, ки хоинон теша ба решаи миллату давлат мезананд. Мехоҳанд бо шиорпардозиҳои исломӣ ва ё ҷор задан аз номи дин мардумро фиреб диҳанд, вале мардуми тоҷик дигар медонанд, ки онҳо кӣ ҳастанд ва зери чатри кадом сиёсатҳо нақшофарӣ мекунанд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле аз мардумро бо роҳи макр бар зидди давлату Ҳукумат шӯронданд. Ин тоифаи худбохта, ба номи дин на танҳо ба давлату Ҳукумат, балки ба мардум низ хиёнат карданд. Дин гуфтанд, ислом гуфтанд, мардумро гӯл заданд. Аммо худ пайи андӯхтани молу сарват шуданд. 
Мутаассифона, имрӯз мехоҳанд, ҳамон саҳнаҳои солҳои аввали истиқлоли давлатиро такрор кунанд. Ба ин манзур, бо ҳар василае, ки дар даст доранд, муқобили арзишҳои миллии мо сангар гирифта, дар пайи ноором кардани вазъ қарор доранд. Бо дарки ин ҳақиқат ва шинохти бозиҳои пасипардагӣ мо, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем. Нагузорем, ки бадхоҳон ба ниятҳои душманонаи худ даст ёбанд, балки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи неъматҳои истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ устувору собитқадам бошем ва дар ободии Ватани азизамон аз худ нақше боқӣ гузорем.
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 24.06.2024 №: 119-120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив