ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБ. МУҲИМТАРИН САРМОЯИ ИНСОН

КИТОБ. МУҲИМТАРИН САРМОЯИ ИНСОН

25 июн 2024, Сешанбе
33
0
Китоб манбаи камолоти инсон, дӯсти беминнат, ҳамсафару раҳнамо, ташаккулдиҳандаи маданияту фарҳанг ва зеботарин туҳфаи ашхоси фарҳангӣ барои инсони комил аст. 
 
Мутолиаи китоб дарҳои бастаи зеҳнро мекушояд, ҳикматҳои ҳаёт ва асрори зиндагии шоистаро бозгӯ намуда, ба хонанда панду андарз медиҳад. Ба василаи китоб ҳақиқатҳо дар зеҳн сабт мегарданд ва шубҳаҳо дур андохта мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир, гуфтан ҷоиз аст, ки китоб муҳимтарин сармояи инсонӣ аст.  
Тоҷикон тули садсолаҳо адабиёти волотарини умумибашариро эҷод кардаанд, ки бо номи адабиёти тоҷику форс шуҳрат ёфтааст. Дурдонаҳои назму насри тоҷик дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ аз арзиши олӣ бархӯрдоранд. Дар ин қатор осори Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, «Мантиқ-ут-тайр» ва «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор, «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тӯсӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Гулистон», «Бӯстон»  ва ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, девонҳои ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ, «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ирфон», ғазалиёти Абдулқодири Бедил ва боз садҳо асарҳои манзуму мансури адибони бузурги тоҷикро метавон ном бурд, ки дар ҷодаи эҷод беназиранд.  Бояд афзуд, ки «Ал-қонун»-и Шайх-ур-раис Абуалӣ ибни Сино чандин садсола дастури тиббии аврупоиён буд. 
Ин аст, ки мардуми тоҷик аз қадим ба адабиёт ва ба китоб эҳтироми хоса дошт ва ҳамеша ба аҳли сухан арҷ мегузошт. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Марв, Балх, Ҳирот, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои бузурги Хуросон китобхонаҳои давлатӣ вуҷуд доштанд ва аз он олимону адибон баҳра мебардоштанд. Дар назди масҷидҳо ва дар ихтиёри шахсони алоҳида низ китобхонаҳои хусусӣ амал мекарданд. 
Масалан, дар китобхонаи Марв, ғайри китобҳои арабию тоҷикӣ, рисолаву мақолаҳои зиёди паҳлавӣ нигоҳдорӣ мешуданд, ки онҳоро охирин шоҳаншоҳи сулолаи Сосониҳо Яздигурди III (632-651) ҳангоми аз истилогарони араб фирор карданаш, ҳамчун ашёи қиматбаҳотарин ҳамроҳ оварда будааст.
Китобхонаи ғанитарини қаламрави Сомониён дар Бухоро бунёд шуда буд, ки аз китобхонаи Бағдод – маркази хилофати исломӣ, камӣ надошт ва бо номи “Савонеҳ-ул-ҳикмат” (Ганҷинаи ҳикмат) низ машҳур буд. Дар китобхонаи мазкур китобҳои гуногуни илмию адабӣ, аз қабили фалсафа, фиқҳ, нуҷум, риёзиёт, таърих, тиб, ҷуғрофиё, адабиёти бадеӣ ва ғайра бо низому тартиб нигоҳ дошта мешуданд. 
Китобҳо, аксаран, бо забони форсии дарӣ буданд. Захираи Китобхонаи Сомониён аз ҳисоби хариди китоб, вақфу ҳадя, нусхабардорӣ, тарҷума ва аз эҷодиёти адибони қаламрави Сомониён пурра мешуд. Китобхонаи номбурда котибон ва мусаввирону хаттотҳои касбӣ дошт. Дар назди он дабиристон низ амал мекард. Китобдори ин китобхонаро амир  таъин мекард ва он вазифаи хеле масъулиятнок ба ҳисоб мерафт. 
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари хирадпешаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи тоҷик, ки ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ бо ҷурми ашхоси мансабпарасту худхоҳ аз ин махзани илму маърифат дур монда буд, боз бо он қарин гашт. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таълифи асарҳои “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат – ҳастии миллат” ва амсоли инҳо, ки саршори инсондӯстиву ватанпарвариянд, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, тақдими китоби безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ дар дили ҳар нафар, бавижа наврасону ҷавонон, меҳри хонданро барафрӯхт. 
Хуш ба ҳоли миллати мо, ки Сарвари китобхону китобнавису китобдӯстдор дорад. Тавассути ақлу хиради роҳбарӣ ҳамон орзуҳои гузаштагони номдори моро амалӣ карда, чун муаллими ахлоқ аз рӯзҳои аввали сарварӣ дарсу андарз дода, моро ба рӯзи мурод расонданд. Моро ба асли худ миллати китобдору китобхон баргардонданд, бо роҳҳои гуногун завқи китобхонии мардумро бедор карданд. 
Умедворем, ки мардуми тоҷик дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат ояндаи наздик ба пояи баланди маърифати ниёгони бузурги худ хоҳад расид ва дар ин самт ҳар як корманди китобхона, нашриёт, донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо саҳми сазовор хоҳанд гирифт.
 
Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА, директори Китобхонаи ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив