ҶОНФИШОН ХЕЗАМ ДИГАР
Дар ҳифзи миллати хайрхоҳу некманиш ва инсонпарвари тоҷик
Вақти он омад, ки ман аз умқи ҷон хезам дигар,
Ҳамчу хуршеди дурахшон аз равон хезам дигар.
Чанд андар тарси худ ғарқида ларзонам чу барг?
Бо ҳарорат, бо ҷасорат з-остон хезам дигар!
Марг агар ояд, бубинад марги худ дар суратам,
Ман чи мардам? Мон, ки сар бар осмон хезам дигар.
Тарки ин ҷисми низору хору беқимат кунам,
Орро парчам кунам, к-аз Ориён хезам дигар.
Раҳми ман шуд душмани ман, зери пояш афканам,
Нест бодо нотавонӣ! Комрон хезам дигар.
То амон ёбам дар ин дунёи дун аз кину ҷаҳл,
Бар дифои шаъну нангам беамон хезам дигар.
Чун намурдам, зистам бо ҷабрҳое асрҳо!?
Аз набарди хеш бо худ қаҳрамон хезам дигар.
Марги ман! Гар ман чунин хору залилам, ҳар палид
По гузорад бар сарам!? Ман ҷон ба ҷон хезам дигар.
Вориси он сарбадорон, тухмаи Бумуслимам,
Ҳамчу Ҳофиз аз сари кавну макон хезам дигар.
Ё ки маҳвам кун, раҳо гардам аз ин шармандагӣ,
Ё ки бахшо қувватам, бо сад тавон хезам дигар.
Ин ҳама тарсону ларзон зистан шармандагист,
Ориёиям ба ору ормон хезам дигар.
Рустаму Суҳробу Шерак дар вуҷудам зиндаанд,
Бори дигар ман ба нангу номашон хезам дигар.
Гар палиде по занад бар сар маро, шармандагист,
Нанг дорам? Ор дорам? Ҷонфишон хезам дигар!
Ҳайфи ман, гар ин чунин ҳастам залилу хору зор,
Парчами адлам ба каф чун ковиён хезам дигар.
Родмардиву футувват дар ҷаҳон моли ман аст,
Як ҷаҳони дигаре аз ин ҷаҳон хезам дигар.
Тоҷику қатли дигарҳо? Туҳмат аст ин, чунки ман
Ҷон ба ҳифзи дигарон додам, чунон хезам дигар.
Нест дар таърих, то одам кушад тоҷик ба ҳирс,
Шарми ман бодо бад-ин айбу гумон хезам агар.
Он ҳазоронсола таърихам гувоҳ аст, эй башар,
Ман ба ҳифзи мардуми рӯи ҷаҳон хезам дигар.
Хайрхоҳу некбину сулҳпарвар тоҷикам,
Мисли Наврӯзам ба некӣ гулфишон хезам дигар.
Бо Сада, бо Меҳргону Тиргонам то абад,
Баҳри сулҳи ҷовидонии замон хезам дигар.
Бо паёми оби поки миллати некуманиш
Бо салому бо каломи тоҷикон хезам дигар.
Пешвои сарбаланди миллати вологуҳар,
Бо ту баҳри ҳифзи халқи покҷон хезам дигар.
Вақти он омад, ки ман аз умқи ҷон хезам дигар,
Ҳамчу хуршеде дурахшон аз равон хезам дигар.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)