ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

26 июн 2024, Чоршанбе
18
0
«НАРАСИДАНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ АЗ МУШКИЛОТҲОИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД»
Вазорати маориф ва илм мақолаи Дилноза Ҳукматуллоева «Нарасидани китобҳои дарсӣ аз мушкилотҳои ҳалталаб боқӣ мемонад»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№78 (24941)) 26-уми апрели соли равон чоп шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Пешрафти соҳаи маориф имконият фароҳам овардааст, ки таҳсил дар муассисаҳои таълимии мамлакат ҳам ба забони давлатӣ ва ҳам байналмилалӣ сурат гирад. Дар ҷумҳурӣ ду шакли муассисаҳои таълимӣ: таҳсили пурраи русӣ ва муассисаҳои дорои гурӯҳҳои русӣ фаъолият доранд.
Барои милликунонии китобҳо ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимашон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва хориҷӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гурӯҳҳои корӣ амал карда истодаанд, ки китобҳои дарсиро ба забони русӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта 176 ҳазор нусхаи 16 номгӯи китобҳои таълимӣ ба табъ расид.
Шуруъ аз соли равон, тибқи фармоиши вазири маориф ва илм, ҷиҳати таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои 5-11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ ва синфҳои 2-11-уми ақаллиятҳои миллии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ аз ҳисоби роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм тарҷумаи китобҳо идома дошта, имсол нашри 21 номгӯи китобҳои таълимӣ дар назар аст. 
Бояд таъкид кард, ки дар ин самт аз ҷониби Вазорат корҳои зиёд ба анҷом расида, масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ ба забони русӣ марҳала ба марҳала ҳалли худро хоҳанд ёфт. 
 
Лутфия АБДУХОЛИҚЗОДА, муовини вазири маориф ва илм
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив