СУҒД. ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР КАДОМ САТҲ АМАЛӢ МЕШАВАД?
Тавре маълум қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2021, № 460 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расидааст. Иҷрои қарори мазкур дар вилояти Суғд дар кадом сатҳ амалӣ мешавад?
Дар иҷлосияи 19-уми маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати 6-ум доир ба рафти иҷрои қарори мавриди назар муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Мавсуф таъкид кард, ки ҷиҳати таҳкими асосҳои интститутсионалии иқтисоди рақамӣ дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар самти фаъолияти ширкатҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ташкили нуқтаҳои хизматрасонии молиявӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба тиҷорати электронӣ, танзими идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ, андозбандӣ ва омори тиҷорати электронӣ, рушди низоми пардохт, дастрасӣ ба интернети баландсуръат ва инфрасохтори муосири логистикӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи маълумоти шахсӣ фаъолияти ниҳодҳои масъул ҳамоҳанг карда шуда, дар вилоят заминаи мусоид барои рушди низоми иқтисоди рақамӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам меояд.
Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо мақсади тақвияти рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба модели нави рушди иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуҳлат таҳия гардидааст. Механизми ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии амалисозии Барнома дар асоси таҷрибаи сатҳи байналмилалӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, ки бо ҷалби шарикони рушд ва тиҷоратии кишвар таъсис дода мешавад, амалӣ мегардад.
Дар вилоят масъалаи таъмини рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки заминаи калидии рушди иқтисоди рақамӣ маҳсуб меёбад, афзалияти асосӣ дониста шуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.
Ҳамасола барои нигоҳдории сомонаи расмӣ дар буҷети шаҳру ноҳияҳо 50 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок пешбинӣ ва масраф мешаванд. Инчунин, дар доираи амалишавии барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи иттилоот ва рақамикунонии иқтисодиёт номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ сол ба сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи андоз системаҳои пешниҳоди ҳисоботи электронӣ пурра ҷорӣ мешаванд. Тавассути системаи бонкдорӣ номгӯи зиёди хизматрасониҳо дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.
Аз рӯйи гузориши Анвар Яқубӣ оид ба татбиқи Барномаи мазкур дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят вакилони халқ Раъно Ҳошимзода аз шаҳри Гулистон ва Маҳмадмурод Сафаров аз шаҳри Панҷакент ба музокира баромаданд.
Раиси маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати босифату сари вақт амалӣ намудани ин Барномаи муҳими иқтисодӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)