ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛИБОСИ МИЛЛӢ. АЗ ҲИФЗИ ТАЪРИХ ТО МУАРРИФИИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ. АЗ ҲИФЗИ ТАЪРИХ ТО МУАРРИФИИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

04 июл 2024, Панҷшанбе
53
0
Яке аз нишонаҳои асосии фарҳанги миллатҳо либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ байни занону духтарон суҳбату вохӯриҳо доир гашта истодаанд. Мо, мардуми тоҷик, расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар дорем.
Мутаассифона, солҳои охир пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд гаштааст, ки боиси нигаронист. Ба ин хотир, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо идораву корхонаҳои дахлдор байни тарроҳон ва коргоҳҳои дӯзандагӣ вохӯрӣ доир намуд. Тавре Майрамбӣ Одинашоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод: «Мақсад аз баргузор намудани  чунин вохӯриҳо байни ҷавондухтарон ва модарон ин, қабл аз ҳама, фаҳмондани ҳадафи асосии суханронии Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар  мебошад. Тавре Роҳбари кишвар зикр намуданд, қабл аз ҳама, мо худамон бояд фарҳанги миллиамонро ҳифз намоем, то дигарон имкони аз байн бурдани онро надошта бошанд. Ин навбат низ, ба самти фарҳанги либоспӯшӣ ва ба роҳ мондани дӯхти либосҳои миллӣ дар корхонаҳои дӯзандагии «Ёқут 2000» ва «Садбарг» ҷиҳати гиромидошти либоси миллӣ ва роҳ надодан ба фарҳанги ба мо бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, як суҳбати саривақтии озоду шаффоф анҷом додем. Дар ин асно аз ҳамаи чеварон хоҳиш карда шуд, ки минбаъд ба мизоҷони хеш фаҳмонанд, ки мо имрӯз дар як вазъияти ниҳоят нозук қарор дорем, ба суханони чаламуллоҳои дохиливу хориҷӣ гӯш ва ба тақлидкорӣ роҳ надиҳанд. Боиси зикр аст, ки  бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаву бахшҳои мақомот тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд».
Дарвоқеъ, либоси миллӣ як ҷузъи муаррифгари таъриху фарҳанги мо ба шумор рафта, аз азал аз миллати бофарҳанг ва соҳибтоҷ буданамон шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд урфу одати қадимии хешро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба хотири побарҷо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданаш талош варзем.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив