ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ “БУХОРОИ ШАРИФ” ТО... “ҶУМҲУРИЯТ”

АЗ “БУХОРОИ ШАРИФ” ТО... “ҶУМҲУРИЯТ”

17 март 2023, Ҷумъа
54
0

 
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо собиқадорони соҳаи матбуот, қаламкашону ноширони вилоят, ки ба ифтихори 111 – солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри  Хоруғ   баргузор гардид, таъкид намуд, ки сухани рӯзноманигорон бояд созанда бошад, на сӯзанда. 

Раиси вилоят собиқадорони соҳа, қаламкашону ноширон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилоят ва намояндагони рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ-ро ба ифтихори Рӯзи матуботи тоҷик-иди касбии журналистони мамлакат табрик намуда, ёдовар  шуд, ки матбуоти тоҷик  аз замони нашри  “Бухорои Шариф” то   “Ҷумҳурият” таърихи тулонӣ ва пурпечутоберо аз сар гузарондааст. Дар замоне, ки душманони миллат бо ҳар роҳу восита ҳастии миллати тоҷикро инкор мекарданд, зиёиёни ин миллати куҳанбунёд ба воситаи қаламу сухан на танҳо ба ақидаҳои ғаразноки душманони миллат хотима гузоштанд, балки дар бедор намудани мағзҳои хуфта ва маҳви бесаводӣ инқилоби бузургеро ба вуҷуд оварданд. Аз ин ҷост, ки матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад.
Ба шарофати фароҳам омадани имкониятҳои воқеӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа мавқеи устувор  пайдо кард. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро “чашму гӯши халқ” номидаанд  ва инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти  сиёсӣ-иҷтимоӣ, тарғиби арзишҳои олии миллӣ ва умумибашариро аз вазифаҳои афзалиятноки аҳли қалам маънидод мекунанд. 
Раиси вилоят аз фаъолияти намояндагони рӯзномаҳои марказӣ дар вилоят, ҳамкории расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ, бахусус Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, бо Мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят,  бозтоби саривақтии хабару рӯйдодҳои муҳим аз ВМКБ дар  онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз  карданд, ки минбаъд низ, ҳамкориҳояшонро  вусъати тоза  мебахшанд. 
Раиси вилоят аз хусуси дубора ба кор андохтани корхонаи калони саноатии вилоят- матбааи вилоятӣ, ки бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло корҳои барқарорсозии он идома доранд, ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхории роҳбарияти олии мамлакат кормандони васоити ахбори оммаро зарур аст, бо сухани созанда дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон бештар  саҳмгузор бошанд. Зикр  гардид, ки имрӯз душманони миллат бо мақсади ноил шудан ба ғаразҳои нопокашон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Муборизаи иттилоотӣ як воситаи муборизаи онҳо қарор гирифтааст  ва иддае аз ҷавонони ноогоҳи миллат ба доми фиреби чунин хоинон афтода, дар ҳаққи кишварамон овозаҳои бардурӯғу бепоя  паҳн карда истодаанд. Ба рӯзноманигорони ватандӯсту бонангу номусамон зарур аст, ки ҳар як дурӯғу  фиреби он хоинони миллатро бо  арқоми омориву далелҳои раднашаванда фош намоянд. Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси вилоят, ба аҳли қаламу эҷод барои инъикоси саривақтии  дастоварду мушкилоти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят арзи сипос намуд. 
Сипас, иддае аз кормандони васоити ахбори омма, собиқадорони соҳаи матбуоти вилоят бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят ва Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив