МУРҒОБ. ТАВАҶҶУҲИ МАХСУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗИНДАГИРО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕБАХШАД
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи дурдасти Мурғоб сафари корӣ анҷом дод.
Дар деҳоти Аличур раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои ҷамоати деҳот шинос гардиданд. Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд шуда, беш аз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот, аллакай, анҷом ётаанд.
Тавре раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо иттилоъ дод, корҳои сохтмонӣ дар дохили бино боқӣ мондаанд ва ҷиҳати сардиҳои мавсимии минтақа айни ҳол кор дар иншоот мавқуф гузошта шудааст. Аз моҳи апрел корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд ва ният аст, ки то Рӯзи Ваҳдати миллӣ бинои нави Ҷамоати деҳоти Аличур мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Раиси вилоят, ҳамчунин, аз анборхонаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дидан ба амал овард. Иттилоъ доданд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дурдасттарин ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, нахӯдпора, макарон, инчунин, хӯроки чорвою ангишт захира гардидааст. Нархи маҳсулоти дар ноҳия захирагардида бо нархҳо дар дигар минтақаҳои кишвар баробар мебошад. Раиси вилоят чунин иқдомро шаҳодати дастгирии рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сокинони ин ноҳияи дурдаст арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ноҳияи Мурғоб ва вазъи некуаҳволии сокинони он ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат қарор доранд. Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини Агентии захираҳои моддии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти минбаъдаи сокинони ноҳия бо маводи ниёзи аввал дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Сипас, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо баргузор гардид.
Раиси вилоят аз дастовардҳои соли равон ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки дар ин давра бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Ҳукумати мамлакат МИҲД-и ВМКБ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорию соҳибкории “Помиринвест-2022” ба маблағи наздик ба як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расида, дар чаҳорчӯбаи ин тафоҳумномаҳо 12 лоиҳа ба маблағи 160 миллион сомонӣ амалӣ гашта, дар 7 лоиҳа ба маблағи 665 миллион сомонӣ корҳо идома доранд, ки яке аз ин пружаҳо Корхонаи коркарди маъдани нуқраи мавзеи Бозордара дар ноҳияи Мурғоб мебошад.
Раиси вилоят аз хусуси имкониятҳои табиии ноҳия, сохтмони неругоҳҳои бодию офтобӣ, фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ, рушди чорводорӣ, моҳипарварӣ, таъсис ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ташкили бозори фурӯши мол ва паранда ибрози назар кард ва афзуд, ки дар марҳилаи нави рушди ВМКБ корҳои ободонию созандагӣ бештар вусъат дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки соли сипаригашта, бо мақсади кабудизоркунӣ ва беҳбуд бахшидани вазъи экологӣ дар ноҳияи Мурғоб дар мавсим 5 ҳазору 400 бех ниҳоли бед шинонда шуд, ки зиёда аз 90 фоизи онҳо нашъунамои хуб намуданд. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастур дода шуд, ки ин иқдом дар солҳои минбаъда давом дода шуда, парвариши ниҳолҳои хуч ва ангат низ, дар ноҳия ба роҳ монда шавад.
Раиси вилоят бобати иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, иҷрои нақшаи даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди сайёҳӣ ва, ҳамчунин, сохтмони қасри фарҳанг, толори варзиш, инфрасохтори сайёҳӣ дар маркази ноҳия ва ба кор даровардани Корхонаи саноатии СИА “Минералз”, ки дар Маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд, ба масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супоришҳои мушаххас дод.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58