ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. МАРКАЗҲОИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТӢ АЗ ТАБИБОНИ ОИЛАВӢ ТАНҚИСӢ МЕКАШАНД

ҲИСОР. МАРКАЗҲОИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТӢ АЗ ТАБИБОНИ ОИЛАВӢ ТАНҚИСӢ МЕКАШАНД

11 июл 2024, Панҷшанбе
23
0
 
Нарасидани табибони оилавӣ дар марказҳои саломатии як қатор деҳоти мамлакат аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Чунин камбудӣ дар аксари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ҳисор, ҷой дорад.   
Бино ба иттилои мудири шуъбаи кадрҳои шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор Шарофат Кабирова, алҳол  марказҳои саломатии назди КАТС-и шаҳр ба 36 табиби оилавӣ ниёз доранд. 
– Айни замон дар назди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор 35 маркази саломатии деҳотӣ ва 41 бунгоҳи саломатӣ амал мекунанд. Дар муассисаҳо 142 табиб, 488 ҳамшира, 97 корманди хурди тиб ва 21 корманди техникӣ фаъолият менамоянд. Марказҳои саломатии деҳотӣ, бавижа МСД «Сангчашма» ва «Гули сурх» дар деҳоти Алмосӣ, Сунбула, Ӯзбекистон ва Гулханӣ дар деҳоти Ҳисор ва маркази саломатии деҳотии «Лолагӣ» дар деҳоти Навободи шаҳр табиби оилавӣ надоранд. Вазифаи табибро бошад, ҳамшираҳо иҷро мекунанд. Пизишкони маълумоти олии тиббидошта барои кор ба муассиса муроҷиат менамоянд. Ба онҳо кор дар МСД-ро таклиф мекунем, вале онҳо дурии роҳро баҳона пеш оварда, пешниҳодро рад менамоянд. Бештари корҷӯён майли дар шаҳр кор карданро дошта, намехоҳанд дар марказҳои деҳот фаъолият кунанд. Дар маркази саломатии шаҳрӣ пурра табибон мерасанд, – илова намуд Шарофат Кабирова. 
Маҳмудшоҳ Кабиров, роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳр, роҷеъ ба ин масъала афзуд, ки барои рафъи ин камбудии соҳа, яъне норасоии табибони оилавӣ, ҳамвора дар талошанд. Табибонеро, ки ихтисосашон марбут ба дигар самтҳои соҳаи тандурустӣ мебошад, аз курсҳои кӯтоҳмуддати табиби оилавӣ гузаронда, корро дар ин самт пеш мебаранд. Ҳамчунин, мавсуф илова намуд, ки қариб ҳар ҳафта корвони саломатӣ аз ҳисоби табибони ботаҷарибаи КАТС ба деҳоти дурдасти шаҳр сафарбар гардида, ба мардум ройгон хизмати тиббӣ мерасонанд. 
Масъулон мегӯянд, ки табибон бо сабаби дур будани роҳ дар марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳот хоҳиши кор карданро надоранд, зеро музди меҳнаташон сарфи роҳкиро мешавад. Ба таъкиди онҳо, ягона роҳи ҳалли ин масъала дар минтақаҳое, ки марказҳои саломатӣ мустақаранд, бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани табибон мебошад. Табиист, ки барои 36 табиби оилавӣ хонаи истиқоматӣ бунёд намудан кори саҳл нест ва маблағи ҳангуфтро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, боз чанд соли дигар марказҳои саломатӣ дар деҳот бетабиб мемонда бошанд, суолест бепосух… 
 
Ёқуб СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив