ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

11 июл 2024, Панҷшанбе
18
0
 
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷаласа баргузор гашт.  
Дар ҷаласа Анвар Сафарзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фаъолияти соҳаро хуб арзёбӣ намуда, оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ сухан ронд. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо давомдиҳандаи кори насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. 
Раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазифаҳои низомномавии Кумита, инчунин, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар нимсолаи  дувуми соли 2024 ба масъулон супориш дод. 
Таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва аҳолӣ бояд дар тарбияи насли соҳибфарҳангу саводнок ва огоҳу масъулиятшинос, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ пайваста чораҳо андешида шаванд. Инчунин, барои фаъолияти самарабахш ва афзун намудани нишондиҳандаҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, татбиқи сифатноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар сатҳи маҳал ва иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида як зумра фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумита сарфароз гардиданд. 
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив