ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭҲТИРОМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

ЭҲТИРОМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

11 июл 2024, Панҷшанбе
37
0
Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ аввалин қадаме, ки Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, ба он додани мақоми забони давлатӣ буд. Аз ҷумла, дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд”. 
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо, ҳимоя мекунад.
Беҳтарин ҳадияе, ки Худованд ба инсон додааст, ин забон аст. Маҳз забону сухан, каломи нерубахши инсон буда муносибатҳои қавии инсон ва ҷомеаро ба танзим дароварда, мавқеи инсонро дар ҷомеа муайян менамояд. Бинобар ин, донистани забони ноби модарӣ, дар такя ба он омӯхтану донистани забонҳои дигар ҷаҳонбинии шахсро пурмуҳтаво мегардонад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро низ забон муайян менамояд. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд барои боз ҳам устувор гардондани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намуда, ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш ба харҷ диҳем.
Барои расидан ба ин ҳадаф мо – соҳибзабононро зарур аст, ки забони модарии худро дӯст дорем, дар сатҳи баланди забондонӣ омӯземаш, ҳифзаш кунем ва ба қадраш бирасем ва аз тарафи дигар сатҳи забондонӣ ва маданияти сухангӯии худро баланд бардошта барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ пайваста кӯшиш намуда, ҳама гуна барнома ва қонунҳое, ки баҳри рушд ва инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ қабул мешаванд, дастаҷамъона ва холисона дастгирӣ намуда, ба таърих, фарҳанг, тамаддун, забон ва урфу одатҳои миллии хеш арҷ гузорем. 
Роҷеъ ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд: «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва, беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва, пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд”.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мадди аввал забони модарии худро пурра омӯзем, ҳифз кунем ва ба қадраш бирасем. Вазифа ва қарзи инсонии ҳар яки мо ин аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл гузаштааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
 
КОМИЛӢ Ф., раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив