ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУН.  АГАР ХОҲЕМ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ДОШТА БОШЕМ...

ҚОНУН.  АГАР ХОҲЕМ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ДОШТА БОШЕМ...

15 июл 2024, Душанбе
18
0
- Аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳои судманд доир шуданд. Аз ҷумла, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ дар корхонаҳо, идораву муассисаҳои маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв, ҳудуди деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Язгулом, Вотхуд, Ҷовидон, Техарв ва Рованд бо сокинон мунтазам вохӯрию суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Онҳо дар суҳбат бо сокинон шарҳу тафсири меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нахустин солҳои  истиқлоли давлатӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар миён мегузоранд, - изҳор дошт дар суҳбат бо мо прокурори ноҳияи Ванҷ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Диловар Файзализода.
 
Номбурда афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо меъёрҳои инсондӯстонааш дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун  давлати демократӣ, озоду мустақил ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Аз ҷониби дигар, кишвари соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қаламрави рушд ворид гардида, дар миёни давлатҳои сайёра бо ташаббусҳои наҷибу посухгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста касб намуд.
Вазифаи мо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини амнияти шаҳрвандон, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва ба ин васила, саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа аст. Аз ин рӯ, зимни дидору мулоқот бо сокинон ҳамин масъалаҳоро дар миён гузошта, оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ суҳбатҳои корсозу зарурӣ анҷом медиҳем. Ба мардум ҳуқуқу имтиёзҳояшонро фаҳмонда, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ, шомилшавӣ ба сафи гурӯҳу созмонҳои ифротгаро даъват ба амал меорем.
Маълум аст, ки ба гурӯҳҳои даҳшатафкан, террористӣ ва ифротгароӣ ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонон аз камсаводӣ, надонистани қонун ва дигар омилҳо ба амал меояд. Бинобар ин, роҳи муассири пешгирӣ аз чунин раванди номатлуб метавонад дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон бошад. Аз ин хотир, татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” зарурӣ ва дар айни замон манфиатбахш аст. Табиист, ки барои расидан ба ин ҳадаф омӯзгорон ва падару модарон бояд донишҳои зарурии ҳуқуқӣ дошта бошанд, ки мутассифона, дар бисёр ҳолат чунин нест. Баъзе волидайн, алалхусус, дар деҳот  маърифати ҳуқуқии кофӣ надоранд ва ба тақдири  фарзандон беэътиноӣ зоҳир карда, таълиму тарбияро танҳо вазифаи омӯзгорон медонанд.
Ба андешаи мо, донистани муқаррароти Конститутсия ва дигар меъёрҳои қонунгузорӣ заминаи асосии таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аст. Қонунсолор будан, кафолати зиндагии шоиста ва орому осуда мебошад, ки дар миён, пеш аз ҳама, риояи дақиқи қонунҳои миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тақозо мешавад, ки мо дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳем.  
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив