ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ҲАДАФИ АСОСӢ ТАЪМИНИ РУШД ДАР ҲАМАИ СОҲАҲО

СУҒД. ҲАДАФИ АСОСӢ ТАЪМИНИ РУШД ДАР ҲАМАИ СОҲАҲО

16 июл 2024, Сешанбе
24
0
Фаъолони вилояти Суғд дар маҷлиси васеъ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии  шашмоҳаи соли равонро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд. Зариф Мирдадо, муовини раиси вилоят, нахуст, аз рӯйи ин масъала гузориши муфассал дода, аз ҷумла таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
 
Дар раванди  таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ вазифаи асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб шуданд. 
Таҳлилҳои шаш моҳи фаъолияти хоҷагии халқ бозгӯйи онанд, ки  аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шуд. Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расида, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар гардид.  
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 831 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид. 
Чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона  шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли равон 591,8 ҳазор тонна семент ва 865,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид. 
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8 корхонаю коргоҳи дӯзандагӣ бо 84 ҷойи нави корӣ ва 2 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 54 ҷойи кор таъсис ёфт.  Аз 1162 корхонаи саноатӣ, 769 корхона суръати афзоишро барзиёд таъмин карда, 246 корхона ҳаҷми истеҳсолро кам намуд ва 147 корхона аз фаъолият  бозмонд. Сабабҳои фаъолият накардану ақибмонии корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда ва нодуруст ба роҳ мондани идоракунии корхонаю коргоҳҳо мебошанд.   
– Кишоварзони  вилоят ҷиҳати рушди соҳа ва гирифтани самари дилхоҳ тадбирҳои судманди ҷавобгӯй ба талаботи рӯзро роҳандозӣ карданд.  Дар натиҷа, ба ҳолати 1-уми июли  соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи  5 миллиарду 343,1 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли ҳама намуди сабзавоту меваҷот, маҳсулоти чорво, паранда  дар қиёс ба ҳамин давраи соли  рафта тамоюли афзуншавӣ дорад. 
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июн ба 1475,6 миллион доллари ИМА баробар шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109, 2 дарсад таъмин гардид. 
Ҳаҷми воридот 1055,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 129,3 миллион доллар  афзудааст. Содироти маҳсулот 420,1 миллион долларро ташкил намуд, ки  бо нишондиҳандаи соли гузашта баробар мебошад.  
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 24755 тонна коҳиш ёфта бошад ҳам, аз ҳисоби болоравии нархҳо  маблағи аз ин ҳисоб воридшуда 2,7 миллион доллар афзуда, ҳамагӣ 60430 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20,77 миллион доллар содирот шудааст.
Дар моҳҳои январ-март ба иқтисодиёти вилоят 60  миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид.
Дар вилоят баргузор намудани ярмаркаю намоишгоҳҳои сатҳи баланд ба ҳукми анъана даромада, рӯзҳои  17-19-уми июни соли ҷорӣ  дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи Х байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва Форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” гузаронда шуд. Дар Ярмарка ва Форум беш аз 500 меҳмони хориҷӣ ширкат варзида, 104 меморандум ва созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамзамон, беш аз 250 ширкати ватанию хориҷӣ намунаи молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.    
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  103,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2347,5 миллион сомонӣ  ворид гашт, ки аз нақша 73,2 миллион сомонӣ зиёд аст.    
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни  маҷлиси  фаъолон  оид ба вазъи кунунии соҳаҳои гуногун аз масъулон  пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи нуқсонҳо, афзунбахшии натиҷаҳои истеҳсолӣ  фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошт. Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки солҳои охир соҳаи кирмакпарварӣ рӯ ба таназзул оварда, нақшаи истеҳсоли пилла иҷро намешавад, соли равон низ ба ҷойи нақшаи истеҳсоли беш аз 320 тонна ҳамагӣ  108,6 тонна истеҳсол шуд. Ин дар ҳолест, ки  даҳ сол қабл дар вилоят то 650 тонна ашёи пурқимати саноатӣ истеҳсол мегашт. Раиси вилоят аз масъулони соҳа қатъиян талаб кард, ки баҳри ислоҳи камбудӣ, ворид намудани тухми баландсифати кирмак мусоидат кунанд. 
Дар масъалаи ҳосилнокии ғалла ва пахта низ  раиси вилоят  вазифагузорӣ кард, ки аз ҳар гектар гандум на кам аз 55-60 сентнер ва аз ҳар гектар пахта на кам аз 30 сентнер бояд ҳосил бардошт. Иҷро накардани дурнамои кишти пунбадона дар навоҳии Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Зафарободу Мастчоҳ низ аз назари раиси вилоят дур намонд. 
Ҳамчунин, раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд Фирдавс Шарифзода,  Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, Мастчоҳ Аъзамҷон Ализода, Гулистон Раъно Ҳошимзода, Бӯстон Нигора Ғаффорзода  оид ба  натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳру навоҳии хеш гузориш дода, ба суолҳои раиси вилоят посух гуфтанд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив