ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “МАҚОМ”.  ХУРШЕД ИБРОҲИМЗОДА БАРАНДАИ ҶОИ АВВАЛ  ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

“МАҚОМ”.  ХУРШЕД ИБРОҲИМЗОДА БАРАНДАИ ҶОИ АВВАЛ  ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

16 июл 2024, Сешанбе
23
0
 
Хуршед Иброҳимзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, чанде пеш дар Форуми байналмилалии “Мақом”, ки дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон баргузор шуд, миёни 90 иштирокдори 16 кишвари олам соҳиби мақоми аввал гардид. Бо баробари ба Душанбе омадани ин шашмақомхони номвар, ӯро ба студияи “Фонус – минбари андеша” даъват намуда, суҳбате оростем, ки фишурдаи он пешкаши шумо мешавад.
 
– Хуршед Иброҳимзода, нахуст, Шуморо бо ин дастоварди шоистаи ҳунарӣ хуҷастабод мегӯем. Лутфан, мегуфтед, ки дар ин ҷашнвораи бузург аз рӯи кадом номинатсия иштирок кардед? 
– Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эълони Форуми байналмилалии “Мақом”-ро хонда, худро номнавис кардам ва баъдан, ба ман дар робита шуданду маълумоти заруриро равон кардам. 
 Боиси тазаккур аст, ки ӯзбекистониҳо барои иштирок кардан ба ин озмуни байналмилалӣ, қаблан, дар дохили кишвари худ озмун гузаронда, беҳтаринҳоро гулчин карда буданд. Ҳунармандони дигар кишварҳо низ хеле касбӣ мақомхонӣ карданд. Аз ин рӯ, ба хулосае омадем, ки шояд ҷое насибамон нашавад. 
– Давоми ним соат кадом таронаҳоро дар пардаи шашмақом иҷро намудед ва кадоми онҳо бештар мавриди таваҷҷуҳи доварон қарор гирифт?
– Ман бо навозандагони чирадаст давоми 30 дақиқа 5 таронаи классикиро дар номинатсияи “Иҷрои якка” сурудам. Аз ҷумла, силсилаасари навро бо номҳои “Тавқинчаи савти ушшоқ” ба ғазали Сайидо, “Фурӯғи савти ушшоқ” ба ғазали Туғрал, “Соқиномаи савти ушшоқ” ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ, “Уфари шикастаи наво” ба ғазали Алишери Навоӣ (Фонӣ) ва суруди охирин “Ушшоқи Содирхон” ба ғазали Ҷомӣ иҷро кардам. Бартарӣ ба эҷоди нав дода мешуд ва тозатаронаи мо такя ба пардаи “Мақоми рост” аз силсилаи “Савти ушшоқ” буд. Сохтори оҳанги ин силсила “Насри ушшоқ” аст.
Хушбахтона, дар байни навад мақомхон ҷои аввал сазовори мо шуд ва ин пирӯзиро комёбии пайравони мусиқии ниёгонамон – шашмақом медонам. 
– Дар шашмақом касе беҳтарин дониста мешавад, ки авҷҳои баландро гирифта тавонад. Мо дар ин бора бисёр шунидаем, воқеан ҳам чунин аст?
– Бале, ин ҳарчанд нисбӣ аст, аммо ҳақиқат дорад. Ҳатто, баъзе сурудҳоро баъди иҷрои ягон сарояндаи қависадо пурра моли ӯ медонанд, то замоне ки овозхони дигар онро аз ӯ беҳтар бо авҷҳои баланд (баритони олӣ) иҷро накунад. Аммо ин ниҳояти ҳунари шашмақомсароӣ нест. Зеро шираи овоз, тараннуми маҳин ва дарди мусиқиву шеърро ба шунаванда расонда тавонистан, дараҷаи олии ҳунар аст. Дар таҷриба ҳам дидаем, ки як зумра сарояндагони мо бо гироиши пасти садо ҳам маҳбуби дилҳо шудаанд.
– Худатон сурудро то кадом авҷ мерасонед?
– Ин масъала норӯшан аст. Зеро аз муҳит, сиҳатии садо ва ҳолати равонии овозхон бастагӣ дорад. Ҳаргиз бо эътимод гуфта наметавонем, ки ман дар ин ё он авҷ иҷро мекунам. Агар дар як авҷ пай дар пай иҷро кунед, садо хаста шуда, бо гузашти вақт хатари бемор шудан дорад. 
– Дар бораи муаррифии санъати тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар чӣ назар доред?
– Истиқлол имкон фароҳам овард, ки моро ҳамчун намояндани як миллати куҳанбунёд ба чорабиниҳои сатҳи баланд даъват кунанд. Аз ҷумла, соли 2018 дар фестивали бонуфузи «Шарқ тароналари» («Таронаҳои Шарқ») дар Самарқанд бо дипломи махсус ва дар Форуми байналмилалии «Мақом», ки дар вилояти Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт, соҳиби шоҳҷоиза шудем. Ман ин комрониро дастоварди бузурги ин миллат медонам.  Зеро аз байни даҳҳо шашмақомсароёни мумтоз дар чунин озмунҳо ширкат варзидан, маънии муаррифии миллатро дорад. Он ҷо на танҳо ҷавҳари ҳунари санъаткор, балки обрӯву нуфузи миллат дифоъ мешавад. 
 
Ёддошт: Суҳбати видеоии моро аз ютубканали “Ҷумҳурият” бо ин суроға пайгирӣ кунед: https://youtu.be/4PSBC1iy3a0?si=32iZB6ZNumGFNi77
 
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив