ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Иҷтимоиёт » ЯК ХОТИРА Ё НАҚЛИ САБАҚОМӮЗЕ, КИ ҚОБИЛИ АНДЕША АСТ

ЯК ХОТИРА Ё НАҚЛИ САБАҚОМӮЗЕ, КИ ҚОБИЛИ АНДЕША АСТ

17 июл 2024, Чоршанбе
54
0

Субҳи содиқҳамроҳи муаллимам Ҳакимбек Самиев, ки солҳо умри хешро ба тарбияи насли наврас бахшидааст, озими шаҳри Душанбе шудем. Муаллим, ки аз дарди ҷонкоҳи дил азият мекашиду барои ҷарроҳӣ ба Душанбе меомад, баробари ворид шудан ва дидани симои нави шаҳр, якбора ба гап омад. Аз дидани зебоиҳои шаҳр чеҳрааш шукуфт. Гул кард. То расидан ба беморхона аз хотираҳояш мегуфт. Гоҳе хушҳол мешуду гоҳе ғам дар рухсораҳояш гиреҳ мехӯрд. Аз рӯзҳои нангину сангини миллати тоҷик ёд меоварду ғамаш афзун мегардид. Ва дирӯзро ба имрӯз қиёс мекарду сафҳаҳои рӯзгорро варақгардон. Ба кӯчаҳои ороми шаҳр менигарист ва ба ҳар сӯ рӯканию мӯканию чашми гирёни он рӯзҳоро пеши назар меовард. Он замон Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣғарқ мегардид. Якеро кор камонбозиву дигарро бозии ҷон ва бақои давлати тоҷик назди мардум суоле беҷавобу норушан буд...

Дохили сабукрав канори муаллим нишастаам. Ба нигоҳи ӯ диққат медодам. Пушти шишаи мошин ба гулгашту хиёбонҳо синча мекард. Дар лабонаш табассум медамид. Ҳамин дам, якбора, рӯҷониби ман оварду гуфт: “Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гӯё дар осмони кишвар абри сиёҳ доман паҳн карда, ҳамвора борони бадбахтӣ мерехт. Ба вақти кандани ҷон мардуми бечора нон мегуфт. Ба рӯи дастурхон кунҷора ниҳода, дар ҳасрати як бурдаи нон буданд. Чунон ба назар мерасид, ки гӯё ҷумлаи сайёра дар суроғи нон аст...”

Чун он замон ба даврони кӯдакии мо рост омад, ин ҳама даҳшатро дидаву эҳсос карда наметавонистем. Аммо барои ҷавонони ҳушманд чунин суханони бузургон кифоя аст, ки панд гиранд. Ва ё аз гузаштаи начандон дури хеш сабақ омӯзанду аз ояндаи амалу рафторашон андеша кунанд. Зеро зиёд шунидаву тариқи наворҳо дидаем, ки дар он даврони шуми миллати тоҷик, дигар пиру ҷавон анҷоми кори худ намедонист.  Намедонист, ки ба ки аҳволи зори худро ифшо кунад. Зеро ҳама ба гирдоби бало ғарқа буданду аз вазъи давру бари худ бехабар.

Муаллим Самиев бо нақли саҳнаҳои пур аз ғам боз ҳам дил холӣ мекард. Мегуфт, агарчӣ миллати тоҷик садҳо хорию зорӣ, фақру нодорӣ, афсурдахотирию гирифториро дида бошад ҳам, вале дар рӯзи душворӣ, ки баъзан аз ночорӣ наздиконро бе кафан гӯронд, фақат аз лутфи Худовандӣ мададгоре меҷӯст. Ин миллат ба яъсу навмедӣ Худоро пеши рӯ кардаву бо ӯ бо забони безабонӣ гуфтугӯ намуд. Хаёлан ҳоли худро пешаш мӯ ба мӯқисса кард...

Чи ҷои баҳс, он чи рафт бар мо, сазои мо шуд. Итминон дорам, ки ин ҳама ризои ӯст ва баҳри давои дардҳо як роҳбари лоиқу арзандаро ба миллати тоҷик раҳнамо кард. Сарвари давлатро дар анҷуманҳо дидаам, ки виқору шаҳомат, чашми пурзиё ва  ҷамолаш партави нуру сафои кибриё доранд. Ҳар гоҳе сухан мегӯянд, чу марҳам захми дилҳоро даво мебахшанд. Ва ҳамеша бахти накуи халқи худро муддао доранд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки бархе аз гумроҳгаштагон ин ҳақиқатро намебинанд. Кӯру каранд. Магар мешавад ба давлату Ҳукумате, ки бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат ва халқи тоҷик бунёд шудааст, санг зад. Ба ҷойи он ки дар рушду нумуи Меҳани азиз саҳм гузоранд, бараъкс, корашон фақат ғайбати касоне аст, ки дар фикри ободианд. Бар замми ин, чанде аз мулломаобон аз он сӯи Омӯ мардумро бесаранҷом кардан мехоҳанд. Ин дар ҳолест, ки мушкилиҳои кишвари худро намебинанд...

Имрӯз, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ба хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузор бошем ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – ин неъмати бебаҳоро таҳким бахшем.

Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ дар китоби “Гулхори чида-чида” шеъре нигошта, ки хулосаи матлабро мехоҳам бо қитъае аз он баён кунам: 

Сипоси Ҳақ! Басомонем бо Эмомалӣ Раҳмон!

Ба тахти шуҳрату шонем бо Эмомалӣ Раҳмон!

Хушо, мо қадри худ донем бо Эмомалӣ Раҳмон!

Ватанро ҳамтану ҷонем бо Эмомалӣ Раҳмон!

Ба рӯзи нав қадам монем бо Эмомалӣ Раҳмон!

Миёни раҳ намемонем бо Эмомалӣ Раҳмон!

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив