ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Хабарҳо » ХУҶАНД. БУНЁДИ 32 КОРХОНАИ ХУРДУ МИЁНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ШАШ МОҲ

ХУҶАНД. БУНЁДИ 32 КОРХОНАИ ХУРДУ МИЁНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ШАШ МОҲ

17 июл 2024, Чоршанбе
23
0

 
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳр оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр, Шарифулло Абдуллозода, раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, инчунин, фаъолони хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои шашмоҳаи иқтисодию иҷтимоии шаҳр натиҷагирӣ шуданд.
Зикр гардид, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калони саноатии ҷумҳурӣ буда, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад. Чораҳои андешдашуда имкон доданд, ки тайи шашмоҳаи аввали соли равон дар шаҳр 32 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолии дорои 273 ҷойи корӣ бо ҷалби 35 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шаванд. Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда саҳми босазо гузошта истодаанд.
 
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба зиёда аз 898 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 158,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
 
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз тарафи 104 корхонаи хурду калон ба маблағи 403,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гашт, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 33,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
 
Зикр шуд, ки Хуҷанд бо 16 шаҳри хориҷии дуру наздик, аз ҷумла Оренбург, Энгелс, Сургут, Волгоград ва ноҳияи Киеви вилояти Москва, Могилёви Беларус, Тайюан ва Ландҷоуи Чин, Линколни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ганҷаи Озарбойҷон, Шимкенту Туркистони Қазоқистон, Оши Қирғизистон, Табрезу Язди Эрон, Аркадаги Туркманистон солҳои зиёд робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад. Ҳамкориҳои мутақобилаи ин самт нишон дод, ки дар натиҷаи ташрифи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ин кишварҳо барои рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, соҳибкорӣ ва ташаббускорӣ заминаи мусоид гузошта истодааст. Самти сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ яке аз рукнҳои пурсамар барои такомули иқтисодиёт буда, дар ин раванд тайи шаш моҳ 33,2 миллион доллари ИМА ҷалб шуд.
 
Фирдавс Шарифзода аз масъулони соҳаи саноат, маориф, тандурустӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон, ҷавонон,  ободонӣ, муассисаҳои коммуналӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёти мусофиркашон ва маҳаллаҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлати муайян супориши қатъӣ дод.
 
Ҷамолиддин Абдуллозода фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Хуҷандро дар давраи сипаришуда мусбат арзёбӣ карда, ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи зарфиятҳои мавҷуда, афзун намудани дастовардҳо ва истиқболи пуршукӯҳи ҷашнҳои умумиллӣ, иҷрои босифати нақша-чорабиниҳои марбут ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва рушди бемайлони шаҳр саъю кӯшиши бештар намуда, якдилона Ватани маҳбубамонро ободу мунаввар созем.
 
– Имрӯз аз натиҷаи фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр изҳори боварӣ менамоем, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи тамоми фаъолон ва кулли мардуми шарафманди шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалисозии ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  тадбирҳои муассир меандешад, – таъкид кард Фирдавс Шарифзода.
 
Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» маълумот дода, гуфт, ки дар интиҳои ҷаласа як қатор пешсафони соҳаҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қадр шуданд.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив