ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛОИҲАИ «ШАҲРИ БЕХАТАР» ДАР ШАҲРИ БОХТАР

ЛОИҲАИ «ШАҲРИ БЕХАТАР» ДАР ШАҲРИ БОХТАР

22 июл 2024, Душанбе
7
0

Дар шаҳри Бохтар ба маблағи 9 миллион доллари ИМА лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик насби камераҳои мушоҳидавӣ оғоз гардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст. 

«Шаҳри бехатар» бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ гардида, маблағи мазкур барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Тавре дар хабар омадааст, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки 5-тои он ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҷдиди лӯлаҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ равона мешавад.

Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив