ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

23 июл 2024, Сешанбе
20
0

ПОРА ДИРЕКТОРИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛРО БА ТОЛОРИ СУД БУРД

Директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи М. Худойназаров”-и ноҳияи Варзоб Р. Қурбонов барои талаб намудани пора дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин бора хабар дод, номбурда барои аз ҳисоби заминҳои чарогоҳи ҳамин муассиса ба иҷора додани 200 гектар қитъаи замин ба муҳлати 20 сол ин миқдор маблағро талаб намуда, худи ҳамон вақт дар ду маврид 10 000 сомонӣ гирифтааст. Вале ҳангоми гирифтани 10 000 сомонии дигар аз шаҳрванд А.О. дар дафтари кориаш дастгир ва далелҳои шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шудааст.  

Вобаста ба ин ҳолат алайҳи Р. Қурбонов бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

 ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ МУШТЕ, КИ БАР САРИ АМАК КАШИДА ШУД

Кормандони милитсия дар шаҳри Исфара марди 39-солаи сокини ҳамин шаҳрро ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, гумонбаршаванда 8-уми июли соли ҷорӣ бо амакаш – марди 73-сола дастбагиребон шуда, бо зарби мушт ӯро аз пой афтондааст. Дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.

ДУЗДЕ, КИ ДАР БАНДИ ҚОНУН АФТОД

Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Вахш нисбат ба зани 45-сола (сокини ҳамин ноҳия) ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ин зан 16-уми июли соли ҷорӣ дар дохили нақлиёти мусофирбар ҳамёни зани 35-солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздидааст. Дар дохили ҳамён 700 доллари ИМА, 40 сомонӣ ва шиносномаи миллии соҳиби ҷабрдида будааст, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив