САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сафари хизматӣ ба ноҳия ва минтақаи Рашт бо зиёиён, аҳли ҷамоат, ҳайати шахсии раёсати ВКД дар ин минтақа, кормандони дастаи таъиноти махсуси милитсия ва гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ вохӯрд.
Зимни суҳбату вохӯриҳо вазир вобаста ба мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, аҳли зиё, олимон ва ходимони дини кишвар сухан ронда, таъкид дошт, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ ва ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир фаъолияти хизматии хешро пурзӯр намуда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.
Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)