ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕВАШТИЧ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ НОҲИЯ

ДЕВАШТИЧ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ НОҲИЯ

23 июл 2024, Сешанбе
9
0

Таҳти раёсати раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода,  муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид.


Раиси ноҳия ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Дар натиҷа, аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷро гардиданд. Сипас, муовини раиси ноҳия Насриддин Комилзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи аввал гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра роҳбарияти ноҳия таваҷҷуҳи асосии худро ба рушди соҳаи саноат, ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуд.


Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 107 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 30 миллиону 878 ҳазор сомонӣ ба буҷет 33 миллиону 59 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 2 миллиону 181 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.


Тавре таъкид шуд, кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешрафти иқтисодиёти ноҳия маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.


Кишоварзони ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро тайи ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 463 миллиону  362 ҳазор сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 122 дарсадро ташкил медиҳад. Имсол дар масоҳати 40 ҳазору 747 гектар кишт гузаронда шуда, мувофиқи нақша дар майдони 8 ҳазору 172 гектар картошка кишт карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 881 гектар зиёд аст.


Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 1301 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 17 тонна, шир  қариб 10 ҳазор тонна, тухм 4 миллион донаро ташкил дод. Бояд гуфт, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор ба  78 ҳазор сар, моли майдаи шохдор  155 ҳазор сар, паранда 115 ҳазор ва асп 1061 сарро ташкил медиҳад.


Дар ҷамъбасти ҷаласа камбудиву норасоиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд, мавриди муҳоқима қарор гирифта, шахсони дахлдор барои таъмини рушди соҳаи саноат, барқарорсозии корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон ва  ҷамъоварии саривақтии андоз вазифадор гардиданд.


Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ки маҳз ба шарофати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Президенти маҳбубамон ноҳияи Деваштич рӯ ба рушд ниҳода, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳия густариши тоза пайдо намудааст.


Зариф Мирдадо нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, вобаста ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳо дод. 


Маратҷон ҶАББОРОВ,


ноҳияи Деваштич


Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив