БМТ. РИОЯИ ҲАТМИИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ТАЪКИД ГАРДИД
Бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва шарҳу тавзеҳи онҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонк, иброз дошт: "ҳамаи мо шоҳид будем, ки солҳои пеш сермасраф гузарондани ҷашну маъракаҳо барои мардум душворӣ пеш меовард. Риоя ва эҳтироми ҷашну маросим зарур аст, вале он бояд мутобиқи талаби замон сурат гирад, то пеши роҳи исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастии беасос гирифта шавад. Аз ин рӯ, риояи талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳар яки мо масъулияти зиёдро талаб мекунад. Агар мо пойбанди таассубу хурофот нашуда, муқаррароти Қонунро риоя кунем, он ба манфиати иқтисодии кишвар ва ҷомеа хоҳад буд".
Зикр гардид, ки ҳадафи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандони мо мебошад.
- Қабули Қонуни мазкур ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи кӯдак, бахусус дар шароити пуртазоди муосир, масъулияти бештарро эҳсос намоем, - иброз дошт Гулбаҳор Назирӣ.
Сармутахассиси идораи ҳуқуқ Абдураҳмон Сангов ва узви комиссияи ҷамъиятии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим Мақсуд Сафарзода вобаста ба тағйиру иловаҳо ба ин ду санади меъёрии ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд. Бо тариқи рӯнамо ба иштирокдорон оид ба тағйиру иловаҳои асосӣ, бандҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонун ва нишондиҳандаҳои омории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, уҳдадориҳои падару модар, муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138