ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУДИРИЯТ

МУДИРИЯТ

01 август 2024, Панҷшанбе
9
0
КБО АББ-ро аз рӯйхати федератсияҳои эътирофшуда хориҷ кард
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ассотсиатсияи байналмилалии боксро (АББ) аз рӯйхати федератсияҳои эътирофшуда хориҷ кард. Дар ин бора дар иҷлосияи 142-юми КБО дар Париж қарор қабул шуд. 
Ин дар ҳолест, ки бокс ба барномаи Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 ворид нагардидааст. Коршиносон ба ин назаранд, ки ба эҳтимоли зиёд соли 2032 бокс ба олимпиада бармегардад, вале таҳти назорати созмони нав. Гап сари он аст, ки моҳи апрели соли 2023 созмони нави назорати бокс – “World Boxing” ташкил шуда, то имрӯз 36 аъзо дорад.
Акнун Федератсияи бокси Тоҷикистон, агар мехоҳад дар оянда дар бозиҳои олимпӣ ширкат кунад, бояд аз АББ хориҷ шавад. Роҳи дигар таъсиси як созмони дигари бокс дар Тоҷикистон мебошад, то аъзои он дар бозиҳои минбаъдаи олимпӣ ширкат варзанд.
Эътирофи АББ аз ҷониби КБО соли 2019 бинобар мушкилот дар идоракунӣ, молия ва доварӣ боздошта шуд. Мусобиқаи боксро дар Бозиҳои олимпии Токио ва, инак дар Париж як гурӯҳи махсуси таъсисдодаи КБО мегузаронад.
 
 
ФУТБОЛ
Бозиҳои аввали даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 
баргузор шуданд
27-29-уми июл бозиҳои аввали даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор шуданд, ки натиҷаҳои ғайричашмдошт қайд гардиданд.
Дар 6 бозӣ дастаҳои мизбон мағлуб гаштанд - “Кӯктош” аз “Вахш” (0:3), “Душанбе” аз “Истаравшан” (1:3), “Барқчӣ” аз “Регар-ТадАЗ” (2:3), “Файзканд” аз “Хуҷанд” (1:3), “Панҷшер” аз “Равшан” (0:6), “Ҳосилот” аз КМВА (0:1). Дар як дидор тими мизбон ғолиб омада – “Истиқлол” – “Эсхата” (6:1), як бозӣ мусовӣ шуд – “Сардор” – “Шодмон” (1:1). 
Вохӯриҳои ҷавобии марҳалаи 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 2, 3 ва 4-уми август баргузор шуда, дар натиҷа ҷуфтҳои даври чаҳорякфинал муайян мешаванд.
 
 
“ИСТИҚЛОЛ” – ҒОЛИБИ ҶОМИ ҶАВОНӢ-2024
Як моҳи охир бо иштироки ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ мусобиқаи Ҷоми ҷавонӣ-2024 доир гашт, ки дар он тими “Истиқлол” ғолиб шуд.
Бозии финалӣ миёни “Истиқлол” ва КМВА дар шаҳри Турсунзода доир гашт. “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Голи ягонаро Фирӯзҷон Шарифов зад.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм ҷавонони “Эсхата” тими “Панҷшер”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.
Ҳамин тариқ, ғолиби мусобиқа – “Истиқлол” бо 30 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра – КМВА бо 20 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – “Эсхата” бо 10 000 сомонӣ қадр гардиданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив