ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

02 август 2024, Ҷумъа
19
0
Қаллобии вобаста ба замин баъд аз дувоздаҳ сол ошкор гардид
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент ҳолати қаллобиеро тафтиш мекунанд, ки 12  сол пеш содир шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар содир намудани ин ҷиноят марди 57-солаи сокини ҳамин шаҳр гумонбар мешавад. Ин мард соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии сокини дигари шаҳри Панҷакент (марди 54-сола) даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 10 ҳазор доллари ИМА гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Дар робита ба ин ҳолат бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 
 
 
Кордбадасте, ки ба ҷазои қонун гирифтор шуд
Як сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз ӯ марди 33-сола ном бурда мешавад, аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ боздошт гардид.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, гумонбаршаванда 25-уми июли соли 2024 дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша карда, бо зарби корд ӯро захмӣ кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо дастрасии моддаи 237 Кодекси ҷиноятӣ (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
 
 
Дузди шабгард ба дасти милитсия афтод
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси аризаи марди 47-солаи сокини пойтахт ҷинояти дуздиеро ошкор карданд, ки дар содир намудани ин кирдор ҷавонзани 22-сола гумонбар мешавад. 
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, ин ҷавонзан 11-уми июли соли 2024, тақрибан соати 00:30 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 47-сола шуда, аз онҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Поко”-ро, ки дар дохилаш барномаи “Душанбе Сити Бонк” пайваст шуда буд ва дар ҳисобаш 42 ҳазору 363 сомонӣ маблағи пулӣ дошт, дуздидааст.
Зарари расондашуда 43 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив