СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Субҳи 5-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Айнӣ, Фархор, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шуниданд.
Ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ карда, талаб намуданд, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то Ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда, ҳамчунин, вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро то деҳоти дурдаст зери назорати худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда доир ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон дастуру супоришҳо дода, таъкид доштанд, ки роҳбарияти тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир созанд.
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
Шарҳҳо (0)