ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ДИГАРОН  Ё ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ КИШВАРҲО АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МО

ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ДИГАРОН  Ё ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ КИШВАРҲО АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МО

05 август 2024, Душанбе
15
0
 
Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки имсол дар Душанбе баргузор гашт, Тоҷикистонро аз зовияи дигар ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо ташаббус пеш мегирад, балки барои амалишавии он қадамҳои устувор мениҳад.  Ҳамин аст, ки Антониу Гутерриш зимни сафари навбатиаш ба мамлакат иброз дошт: «Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад». 
 
Нигаронӣ: 1,2 дарсади буҷети кишварҳо ба об равона мешавад 
Ин Конфронс тайи се рӯз зиёда аз ду ҳазор меҳмони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузро бо шумули коршиносону таҳлилгарон, дар Душанбе ба ҳам овард. Иштирокдорони Конфронс саҳми Ҷаноби Олиро дар пешгирии буҳронҳои марбут ба об муҳим арзёбӣ карда, барои ҳалли ин мушкил ибрози назар намуданд. 
Кумар Ҷа, директори глобалии Бонки ҷаҳонӣ, ҳамзамон раиси кумитаи тадорукоти «Раванди оби Душанбе», гуфт, ки бо вуҷуди пешравиҳо, дастовардҳо хеле каманд. Бахусус, дар минтақаи Саҳрои Кабир ва як қисмати Осиё аҳолӣ барои дастрасӣ ба оби тоза мушкилӣ мекашанд.  Дар асоси таҳлилҳо, ҳукуматҳо ба ҳисоби миёна 1,2 дарсади буҷети солонаашонро ба самти об равона мекунанд, ки нокифоя аст. Яъне, вазоратҳои молияи кишварҳо ҳангоми таҳияи буҷет, обро ҳамчун афзалият намебинанд. Ин гуна муносибат пешравии корро зери суол мебарад. Аз ин рӯ, зарур аст шарикии давлат ва бахши хусусиро ба роҳ монда, ба соҳа сармояи бештар ҷалб шавад. 
 
Захираҳои табииро дуруст истифода барем
Желка Свиянович, узви Президиуми Босния ва Ҳерсоговина, аз он ибрози нигаронӣ кард, ки одамон дар саросари дунё дар баробари оби ошомиданӣ, ба шароити санитарӣ низ дастрасии пурра надоранд ва бо ин сабаб кӯдакон мефавтанд. Мувофиқи маълумоти ЮНИСЕФ, танҳо дар соли 2015 беш аз се ҳазор кӯдак бинобар вазъи ногувори санитарӣ ва норасоии оби тозаи нӯшоӣ фавтидааст. 
– Кишварҳо наметавонанд бо ин мушкил ба танҳоӣ мубориза баранд. Мо бояд беш аз  пеш муттаҳид гардем ва якҷоя роҳи ҳалро пайдо намоем. Кишвари ман низ бо ҳамин таҳдид ва хавфҳо рӯ ба рӯ мешавад. Моро зарур аст, захираҳои табииро  дуруст истифода барем ва бо табиат меҳрубонона муносибат намоем», – гуфт ӯ.  
 
ЮНЕСКО. Обшавии 476 пиряхи Тоҷикистон пешгирӣ мешавад  
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле зимни суханрониаш иброз дошт, ки аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ифтихор мекунад ва ҷашн гирифтани 30-солагии муносибатҳоро воқеаи фараҳбахш номид. Мавзеи Саразм, «Шашмақом» ва кӯҳҳои Помир, ки аз боигариҳои Тоҷикистонанд, таваҷҷуҳи ӯро бештар ҷалб карданд ва афзуд: «Мероси миллии Тоҷикистон бо об пайвандӣ дорад ва мо намунаи инро дар Саразм мебинем, ки ҳанӯз 5500 сол пеш каналҳои ирригатсионӣ вуҷуд доштанд. 
Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳост ва дар ин самт низ Тоҷикистон нақши хеле назаррас дорад. Мушкили мавҷудаи марбут ба оби аҳолии сайёра ва зиёне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба мардум мерасад, моро нигарон месозад. ЮНЕСКО ба кишварҳои аъзо таҳлилҳои илмӣ мегузаронад. Шабакаҳои глобалие дорем бо марказҳои таҳқиқотии обу ҳаво. Ба ин васила имкон ҳаст, ки ба аксари кишварҳои дунё кумак расонем». 
Хонум Одри Азуле, инчунин, омодагиашро ба ҳифзи пиряхҳо баён дошт ва ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъалаи муҳим изҳори сипос намуд. Ба таъкиди ӯ, ЮНЕСКО ҳозир аст барои пешгирии обшавии 476 пиряхи кӯҳҳои Помир чораандешӣ намояд. 
 
«Раванди оби Душанбе» рамзи ваҳдат аст
Бо назардошти он ки таъмини аҳолии сайёра бо оби тозаи нӯшоӣ аз масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад, иштирокдорони Конфронс аз иқдоми Президенти кишвар гарм истиқбол гирифтанд ва изҳори ташаккур намуданд. Муовини аввали Президенти Зимбабве Константино Чивенга ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: «Ташаббусе, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, пеш гирифтаед, хеле муҳим мебошад. Ин чорабинӣ ҳам дар сатҳи хеле баланд мегузарад. Изҳори сипос ба Шумо, Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон. Об пешрафти ҳамаи соҳаҳоро таъмин мекунад ва баргузории ин ҳамоишҳо арзиши баланд доштани обро нишон медиҳанд. «Раванди оби Душанбе» рамзи ваҳдат аст ва кишварҳои аъзоро водор месозад, баҳри иҷрои уҳдадориҳое, ки ба зимма гирифтаем, бештар талош варзем. Воқеан, вазъи миллионҳо одамон, ки ба оби тоза ва санитария дастрасӣ надоранд, хеле ташвишовар мебошад. Таъсири манфии он ба гурӯҳҳои осебпазир, махсусан занон, зиёдтар мерасад. Аз ин лиҳоз, ҳама талошҳо бояд барои дастрасии баробар пайдо кардани аҳолии сайёра ба оби тоза равона гарданд». 
 
Ташаббусҳои Тоҷикистон намунаи ибратанд
Дар маҷмуъ, баргузории Конфронси мазкур нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боло бурда, нақши боризи Сарвари давлатро барои ҳалли масоили марбут ба обу иқлим бори дигар ба аҳолии сайёра гӯшзад кард.  Ҳамин аст, ки имрӯз Президенти кишварро чун сафири об мешиносанд ва ба шахсияташон эҳтиром қоиланд. Ин суханҳои Кумар Ҷа далели гуфтаҳои болоянд: «Ман дар ин минтақа хеле зиёд фаъолият намудаам. Тоҷикистон ва дигар кишварҳои он барои ман ҳамчун хонаи дуюм аст ва бениҳоят хурсандам, ки дар масоили об бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ менамоям. Мо дар симои он кас дар бобати пешбурди маърузаи об сафири ягонаро мебинем. Ташаббусҳое, ки Тоҷикистон барои пешгирии буҳронҳои марбут ба об мегирад, намунаи ибратанд». 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив