ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ДУ МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ДУ МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

05 август 2024, Душанбе
11
0
 
Мусобиқаҳо дар доираи 33-юм Бозиҳои Олимпиада дар шаҳри Парижи Фаронса, ки 26-уми июл оғоз гардида буданд, ҷараён доранд. Пас аз Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов дар ҷудо (+100 кг) ва Давлат Болтаев дар риштаи бокс (-92 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Темур Раҳимов дар рӯзи охири зӯрозмоиҳои инфиродии ҷудо – 2-юми август гӯштин гирифт. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Эрик Абрамови олмонӣ, дар чорякфинал Алишер Юсупови ӯзбекистониро шикаст дод, вале дар нимфинал аз ҷудокори машҳури ҷаҳон Теди Риннер (Фаронса), ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Темур, сипас дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм намояндаи Куба Энди Грандаро шикаст дода, дуюм медали тими ҷудои кишварро дар ин Олимпиада ба гардан овехт.
Медали сеюми биринҷии Тоҷикистонро Давлат Болтаев дар риштаи бокс сазовор гашт. Давлат рӯзи чоруми август дар даври нимфинал аз Лазизбек Муллоҷонов (Ӯзбекистон) мағлуб гашт. То ин давр ӯ бар варзишгарони Гурҷистон (Георгий Кушиташвили) ва Ирландия (Ҷек Мерли) ғолиб омада буд.
Ҳамин тариқ, дар 10 рӯзи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳайати олимпии Тоҷикистон сазовори се медали биринҷӣ гардид, ки таърихӣ аст. Ҳам дар риштаи ҷудо, ки бори аввал дар як намуди варзиш мо ду медал гирифтем ва ҳам дар намуди бокс, ки Давлат Болтаев аввалин марде шуд, ки медали олимпиро ба даст овард. Дар риштаи бокс то ин вақт танҳо Мавзуна Чориева сазовори медал гашта буд.
Ҳам Сомон, ҳам Темуру Давлат иброз намуданд, ки дастовардашон натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков бо натиҷагирии зӯрозмоиҳои ҷудочиёнамон иброз намуд: “Сомон ва Темур медали олимпиашонро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшиданд. Бе дастгириҳои ҳамаҷонибаи онҳо мо имрӯз ба чунин натиҷаи таърихӣ намерасидем. Ҳамчунин, онҳо ғолибияташонро барои муҳаббати самимӣ ва дастгирӣ ба халқи тоҷик бахшиданд”.
Эргаш Маҳмадбеков дар идома иброз намуд: “Мехоҳам ба қафо, ба корҳои бузурге, ки таҳти роҳбарии президенти Федератсия Исмоил Маҳмадзоир анҷом шуданд, нигарем. Бо омодани роҳбари нав дар Федератсияи ҷудо, як қатор ташаббусҳои стратегӣ амалӣ гаштанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, беҳтар кардани доварӣ дар мусобиқаҳои дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷудои тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ буд. Дар якуним соли охир мо системаеро ба роҳ мондем, ки касбияти варзишгаронро як қадам боло бурд. Ва, албатта, бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон, ки низ нуфузи Ватани азиз ва ҷудои кишварро дар арсаи байналмилалӣ афзуд”.     
Бозиҳои олимпӣ то 11-уми август идома меёбанд. Боз ду намояндаи Тоҷикистон – Мунира Абдусаломова (таеквондо, -67 кг) ва Виктор Рассадин (гӯштии озод, -74 кг) 9-10-уми август баромад мекунанд, ки барояшон муваффақият мехоҳем.
Ҳамин тариқ, дар даҳ рӯзи бозиҳо варзишгарони 70 давлат соҳиби медал шуданд, намояндагони 43 кишвар ба дарёфти унвони чемпионӣ даст ёфтанд. Дар се ҷойи аввали ҷадвали ҳисоби медалҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 71 медал (19 тилло, 26 нуқра, 26 биринҷӣ), Чин бо 45 медал (19-15-11) ва Фаронса бо 44 медал (12-14-18) мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ дар мақоми 57-ум аст.  
  
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив