ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ. НИГАРОНӢ АЗ ИҶРОИ СУСТИ НАҚШАИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ...
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пешгирӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои судманд меандешад.
Ин нуктаро, Мироҷ Наботов, муовини сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ изҳор дошт. Зикр гардид, ки сабабу решаҳо ва омилу ангезаҳои асосии экстремизм ва терроризм, шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии муқовимат бо экстремизм ва терроризм, инчунин, тадбирҳои рафъи ин зуҳуроти номатлуб дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амалисозии он пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар асоси омӯзиши маводи мавҷуда ҳадафҳои дар Стратегия гузошташуда оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи худогоҳӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, динию ахлоқӣ, омодасозии томуҳоҷиратӣ ва ҳифзи хуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ пурра иҷро нагардида, фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии экстремизм ва ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба амалҳои террористӣ дар қаламрави кишвар ва дигар давлатҳо боиси нигаронӣ мебошад.
– Низоми маориф ва кор бо ҷавонон натавонистаанд, ҷавонону наврасонро дар руҳияи худогоҳӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ ва муҳаббат ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, онҳоро бо донишҳое мусаллаҳ намоянд, то дар шинохту маърифати равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон қодир бошанд, – иброз дошт Манзура Қурбонова, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ.
Таъкид шуд, ки сабаби асосии иҷро нагардидани Нақшаи амал аз ҷониби субъектони масъул ин дуруст сарфаҳм нарафтан ба моҳияти асосии чорабиниҳои дар ин ҳуҷҷат пешбинигардида ва тартиби иҷрои онҳо мебошанд.
Ҳадафи меҳварии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор мераванд.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)