ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ДУОИ МОДАР». ОЗМУНЕ, КИ ДАР ШИНОХТИ МОДАРУ МАҚОМИ Ӯ САҲИФАИ НАВ БОЗ ХОҲАД КАРД

«ДУОИ МОДАР». ОЗМУНЕ, КИ ДАР ШИНОХТИ МОДАРУ МАҚОМИ Ӯ САҲИФАИ НАВ БОЗ ХОҲАД КАРД

08 август 2024, Панҷшанбе
22
0

 
Инак, 8 сол мешавад, ки  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи  «Ҷумҳурият» ба хотири огоҳии амиқи хонанда ба гузаштаву имрӯзи таърихи миллат ва ҷоннисориҳои фарзонафарзандон дар роҳи бунёду ташаккули Тоҷикистони азиз, инчунин, арҷ гузоштан ба зан-модар озмунҳо эълон менамояд, ки  ҳадафи аслии он баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллист. 
Боиси зикр аст, ки озмуни нахустини рӯзнома соли 2016 бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти журналист ва шоири шинохтаи тоҷик Ғоиб Сафарзода ташкил шуд. Ҳамин тавр, озмунҳои гуногун давоми ин солҳо дар бораи қаҳрамонони Тоҷикистон дӯстдорони каломи бадеъро ба ҳам овард. Бешак, озмунҳои рӯзнома фарохтар аз як озмунанд, зеро дар рафти он на танҳо муаллифони дохил, балки аз хориҷи кишвар ба унвонии рӯзнома менависанду аз дӯстиву бародарӣ ҳарф мезананд. Озмунҳо дар мавзуъҳои гуногун эълон шуда, хонандагонро водор ба гуногунандешӣ мекунанд. Озмуни «Дуои модар», ки соли гузашта дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронда шуд, бори дигар собит намуд, ки рӯзнома бо вуҷуди ин қадар васфу ситоиши модар дар назму насри гузаштагон, сухани наве барои шинохти ин олиҳаи зиндагӣ пайдо кард. 
Ба озмуни “Дуои модар”, ки аз 5-уми октябри соли 2022 то 25-уми августи соли 2023 идома дошт, беш аз 500 матлаб дар жанрҳои гуногун пешниҳод гардида, 200-тои он дар “Ҷумҳурият” ба табъ расид.  Ҷамъбасти озмуни «Дуои модар», ки дар толори Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гузашт, тамоми иштирокдорон ва нафаронеро, ки тариқи телевизион озмунро тамошо мекарданд, ба ҳаяҷон овард, зеро ин як озмуни одӣ набуд. Озмуне, ки дар он бузургии модар таҷассум мегардид, дунёи дигареро нишон медиҳад. Дар рафти озмун ҳар нафар чеҳраи модари худро медид. Баробари оғоз шудани ҷамъбасти  озмун як меҳр, як садоқат, як рӯшноӣ, гармии дастони модар, дуои хайр ва бузургии ӯ эҳсос мешуд. Магар чунин муҳит метавонист бе ашку эҳсос бошад? Ҳар гоҳ сухан аз модар мерафт, хурду бузург назди ин олиҳаи муқаддас сари таъзим фурӯ меоварданд. Касоне, ки иштирокчии озмун буданд, дар худ меболиданд, чунки каме ҳам бошад, дар бораи модар чизе гуфтаанд ва нафаре, ки ғофил аз он монд, ангушти пушаймонӣ газид. Акнун, бо гузашти як сол ва дархости мунтазами хонандагон, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷогӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ ба арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан-модар ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи дӯст доштани Модар-Ватан таҳти унвони «Дуои модар» такроран озмун эълон менамояд. Маҳз чунин озмунҳо қодиранд муҳаббати модарро дар қалбҳо зиёдтар намуда, эҳтироми ин муъҷизаи Илоҳиро назди оламу одам болотар баранд, зеро дар рӯи Замин меҳрубонтар аз ӯ касе нест. Пас, ин иқдоми рӯзнома ҳадафмандона аст ва дар шинохти дигарбораи модару мақоми ӯ саҳифаи наверо боз хоҳад кард.  

Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив