ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТУРАМАЛИ ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВӢ БАРОИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН

ДАСТУРАМАЛИ ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВӢ БАРОИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН

08 август 2024, Панҷшанбе
57
0

 
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг вобаста ба таҳияи лоиҳаи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҷаласаи корӣ баргузор намуданд. 
Тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонда, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии мардумро ифода ва миллатро муаррифӣ менамояд.
Тавре ба хабарнигори мо аз Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ доданд, дар ҷаласа, ҳамчунин, намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва дигар масъулон иштирок намуданд. 
Дар ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки баъди тасдиқ ва нашри дастурамали нав он ба тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас мегардад. 
Зимни ҷаласа намунаи либосҳо вобаста ба синну сол аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо рӯнамоӣ шуд. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст.
Бо он пеши роҳи хурофоту бегонапарастӣ гирифта шуда, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату мамлакат мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони бахши фарҳанг дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангиро зарур аст, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба тарғиби дастурамал  ва  замимаҳои он, ки бо аксҳо нишон дода шудаанд, мусоидат намуда, дар тарғиби яке аз рукнҳои миллӣ саҳми шоиста гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми март дар маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Забону фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сарулибосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем, либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд».
Дар робита ба  дастуру  супоришҳои  Пешвои миллат бояд тамоми вазорату идораҳо, сохторҳои қудратӣ дастаҷамъона бар зидди пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона мубориза бурда, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ва берун аз он байни сокинон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои  фаҳмондадиҳиро боз  ҳам  бештар баргузор намоянд.
Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар Фестивал намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ки аз матои атласу адрас ва чакан омода гардидаанд, муаррифӣ мешаванд. Дар ин хусус 22-уми июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Фестивал ба хотири эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва риояи тарзи пӯшидани он доир мегардад.
Дар мамлакат ҳамасола ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занону мардон, риояи тарзи пӯшидани либосҳо ва муарифии либосҳои миллӣ чандин фестивал ва ҳамоишҳо, аз қабили «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Тоҷикона мепӯшем», «Либоси миллӣ» ва дигар барномаҳо доир мегарданд.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив