ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФУМИО КИСИДА

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФУМИО КИСИДА

13 август 2024, Сешанбе
12
0
12-уми август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кисида бо ибтикори он ҷониб баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон дар робита ба заминларзаи шадиде, ки чанде пеш дар Ҷопони дӯст рух дода буд, ҳамдилӣ ва дастгирии худро изҳор доштанд.  
Сипас, Пешвои миллат дарки ҷониби Тоҷикистонро аз тасмими ба замони дигар гузарондани вохӯриҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ки ба наздикӣ ба нақша гирифта шуда буданд, таъкид намуд.
Дар раванди суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ карда, омодагии худро барои идомаи тамосҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи онҳо тасдиқ намуданд. 
Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив