ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ. НЕЪМАТИ БЕБАҲОЕ, КИ САРНАВИШТИ  МИЛЛАТРО РАҚАМ ЗАД

ИСТИҚЛОЛ. НЕЪМАТИ БЕБАҲОЕ, КИ САРНАВИШТИ  МИЛЛАТРО РАҚАМ ЗАД

13 август 2024, Сешанбе
16
0
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ, дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд оварда, имкон фароҳам кард, ки мардуми мо тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирад. 
Баъд аз ба даст омадани истиқлоли давлатӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ, кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Дар чунин шароити фоҷиабор, фарзандони огоҳи миллат тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун иҷлосияи Шурои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатӣ даъват карда шавад. 
Хушбахтона, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) интихоб гардиданд ва қадамҳои устувор дар роҳи истиқлоли комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд. Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии ин чеҳраи тобноки таърих барои поён додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва барқарор намудани аркони давлатдорӣ барномаҳои судмандро рӯи даст гирифт. 
Дар баробари дигар тадбирҳои муҳим, яке дастовардҳои таърихиву арзишманди давлат ва миллати тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (соли 1994) қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он низоми нави қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва кишвари мо дорои рамзҳои муқаддаси Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои 1992 – 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт. Вале, замоне ки ҳанӯз ҷангу даргириҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар идома доштанд, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар баробари ба Ватан баргардондани гурезаҳо, муҳайё кардани шароити зиндагӣ ва ҷойи кор барои онҳо, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Дар натиҷа пастравии иқтисоди миллӣ боздошта шуда, соли 2000 Тоҷикистон ба марҳалаи рушд ворид шуд.
Дар ин раванд, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд. Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардондани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 33 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи зиёда аз 8,1 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 то 42,9 миллиард сомонӣ дар соли 2024 афзоиш ёбад.  
Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ, даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 ба 112,7 миллиард сомонӣ то соли 2024 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 дарсади соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Ҳоло дастовардҳои Истиқлоли давлатиро бояд беш аз ҳар вақти дигар тарғибу ташвиқ намоем, зеро истиқлол рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ шинохта шудааст.
 
Бахтовар РАҲМОНОВ, 
Икромҷон ГАДОЕВ, 
устодони Коллеҷи информатика ва техникаи 
компютерии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив