ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОИЛА. ҲАРЧАНД ҲОЛАТҲОИ ПОШХӮРӢ КОҲИШ ЁФТААНД...

ОИЛА. ҲАРЧАНД ҲОЛАТҲОИ ПОШХӮРӢ КОҲИШ ЁФТААНД...

13 август 2024, Сешанбе
23
0
Барпо намудани оила як амали  муқаррарист, вале бояд ба хубӣ дарк кард, ки масъулияти зиёд низ дорад, зеро он пойдевори ҷомеа ва, дар маҷмуъ, муҳимтарин омили ҷомеасоз аст. Вале,  мутаассифона, на ҳар ҷуфте, ки оила бунёд мекунанд, қудрати дарки моҳияти онро доранд. Дар шаш моҳи соли равон аз ҳам рехтани беш аз 4400 оилаи ҷавон дар кишвар дигарбора ин ҳақиқати талхро собит месозад, ки боиси нигаронии ҷиддист. 
 
ҲОЛАТ ТАШВИШОВАР АСТ
Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила Сабоҳати Рустам вазъи кунунии масъалаи мавриди назарро чунин тавзеҳ дод: «Масъалаи пошхӯрии оилаҳо тайи чанд соли охир аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 4408 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 962 ҳолат кам мебошад. Ҳарчанд маълумоти оморӣ камшавии пош хӯрдани оилаҳоро нишон диҳад ҳам, вале ҳоло ҳам, вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Вобаста ба ин ҳолат, Кумита корбарӣ мекунад ва дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати ба созиш овардани 26 оилаи ҷавоне, ки дар ҳолати пошхӯрӣ қарор дошт, муваффақ гардид».
 
САБАБҲОИ АСОСИИ МУШКИЛОТ
Бино ба андешаи Муъмина Шовалиева, мардумшинос, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, омили асосии барҳам хӯрдани оилаҳо, қабл аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо метавонад зӯроварии хонаводагӣ бошад. Агар хушунату зӯроварӣ дар дилхоҳ оила ҷой дошта бошад, фазои он носолим мегардад. Таҳлилҳои охир нишон доданд, ки баъзе издивоҷкунандагон, ҳатто, соҳиби маълумоти миёна набуда, на соҳиби касбу ихтисосанду на аз одобу маърифат ва расму оин огоҳ. Бемасъулиятии волидон паҳлуи дигари ин як мушкили муҳими иҷтимоист. Қабл аз оиладор кардан, падару модар бояд ба фарзандони худ, бахусус ҷавондухтарон, тамоми нозукиву шебу фарози рӯзгордориро фаҳмонанду омӯзонанд. Фарҳанги дурусти хонадориро ёд диҳанд. Аз ҳама муҳим, эҳтироми ҳатмии волидонро таъкид созанд.
Маҳз айби волидон аст, ки ҳанӯз ҳам баъзеи онҳо соҳибмаълумот шудани духтаронро дуюмдараҷа меҳисобанду никоҳи барвақтиро волотар мешуморанд. Хусусан, таъсири бародарон дар зудтар ба шавҳар додани хоҳарон пурзӯртар аст. 
 
БЕТАРАФ НАБОШЕД!
Бибиҳафиза Маҷидова, равоншиноси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бар он андеша аст, ки никоҳи бармаҳал ба ҳисси равонии кас таъсири манфӣ мерасонад. Ҷавондухтаре, ки якбора ба дигар муҳит мегузарад ва дар ҳоле ки руҳан омода нест, тамоми талаботи оилаи навро бояд иҷро намояд. Дар сурати каме ноуҳдабароӣ ӯро касе фаҳмидан намехоҳад ва ба ҳамин монанд боз чанд нофаҳмии дигар ба оилавайронӣ оварда мерасонад. 
Борҳо шоҳид шудаем, ки пас аз як ё ду моҳи хонадорӣ ҷавонон бо баҳонаи мувофиқ наомадани хислатҳо аз ҳамдигар ҷудо мешаванд ва дар аксар ҳолат волидон, мутаассифона, тамошогаранд. Дар ҳоле, ки онҳо набояд бетараф бошанд. Пас аз пош хӯрдани оила ҷавонон, бахусус духтарон,  ба душвориҳои зиёди иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Эҳтиромашонро миёни аъзои хонавода гум мекунанд, ҳолати равониашон хароб гашта, ба корҳои ношоям, ҳатто, ба худкушӣ даст заданӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳолат агар духтарон соҳибкасб бошанд, сабрро пеша намуда, ба коре машғул мешаванду зиндагиро идома медиҳанд. 
Пас, ҳам волидон ва ҳам ҷавондухтаронро зарур аст, то сари ин мавзуъ андеша дошта бошанд, ки баъди соҳибкасб шудан барпо намудани оила беҳтар аст ё никоҳи барвақтӣ?! Чаро аз зиндагии дигарон ибрат намегирем ва чаро худро намесозем, то дар ҳолати нахандидани бахт талх насӯзем?! 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив