ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАДМИНТОН

БАДМИНТОН

13 август 2024, Сешанбе
17
0
Бадахшон - ғолиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
10-11-уми август дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон доир гашт.
Дар он беш аз 60 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат карданд.
Мусобиқа ба таври инфиродию ҷуфт байни духтарону писарон, ҷуфти омехта ва даставӣ сурат гирифт.
Президенти Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷуразода гуфт: «Дар ҷумҳурӣ ин намуди варзиш ҳамагӣ 10 сол пеш таъсис ёфт ва айни замон дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар ин давра дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мутобиқ ба синну сол гурӯҳҳо ташкил ёфта, барои тамрин ва мусобиқаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати мураббиёну доварон ҳар сол бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба дар шаҳри Душанбе даврҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ҳузур пайдо карда, бо ҷоизаҳо ба Ватан баргарданд».
Ҳамин тариқ, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рақобатҳои инфиродӣ, ҷуфтӣ ва ҷуфти омехта маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон сазовар гашт. Дастаҳои мунтахаби Душанбе ва вилояти Суғд ҷойҳои дуюму сеюмро касб карданд.
 
 
 
ФУТБОЛ
Бозиҳои даври 13-уми Лигаи олӣ доир гаштанд
Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар ду бозӣ тимҳои мизбон, дар ду бозӣ дастаҳои меҳмонон пирӯз гашта, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт. Аз ҷумла, дар бозии марказии давр дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ тими “Вахш”-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Ягона голро легионери австралиягии “Истиқлол” Меттю Миллар зад. Воқеан, ин аввалин голи бозигар дар Лигаи футболи Тоҷикистон мебошад. Дар вохӯриҳои дигар “Барқчӣ” бар “Ҳосилот” (1:0), “Регар-ТадАЗ” бар “Куктош” (3:0), “Хуҷанд” бар “Ҳосилот” (1:0) ғолиб омада, бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” – “Равшан” (1:1) ва КМВА – “Эсхата” (0:0) мусовӣ шуд.
Пас аз натиҷагирии 13 давр дар ҷадвали Лигаи олӣ “Истиқлол” бо 36 хол пешсаф аст. Ин даста то имрӯз бохт ва ҳам мусовӣ надорад. КМВА бо 26 хол дар ҷойи дуюм ва “Хуҷанд” бо 25 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Дар даври чордаҳум дастаҳо ба таври зайл бо ҳам вомехӯранд: “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” (16-уми август), “Эсхата” – “Ҳосилот”, “Вахш” – “Барқчӣ” (17-уми август), “Куктош” – “Истиқлол”, “Истаравшан” – “Панҷшер”, “Равшан” – КМВА (18-уми август).
 
 
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Чемпионати CAFA-2024 
ширкат мекунад
Мусобиқа аз 17 то 24-уми август дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Он барои тими наврасони кишвар як давраи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 маҳсуб меёбад. 
Дар Чемпионат шаш тими минтақа– Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Турк-манистон, Эрон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.
Дар асоси низомнома ду гурӯҳи иборат аз седастаӣ ташкил мегардад. Дар марҳалаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳ баъдан дар финал ва дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Инчунин, барои ҷойҳои панҷуму шашум бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд. 
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив